• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Қабули Конститутсия рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон гардид

Migration Service by Migration Service
04.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Қабули Конститутсия рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуда, заминаи ҳуқуқии ташаккули давлатдории навин, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, рушди қонунгузории миллӣ, эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муайян намудани самтҳои асосии инкишофи ҷомеаро фароҳам овард. Ба Конститутсия минбаъд 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Соли 2026 мардуми Тоҷикистон 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ин сана на танҳо муносибати ҷашнӣ, балки фурсати муносиб барои таҳлили илмии роҳи тайкардаи давлат ва ҷомеа, арзёбии нақши меъёрҳои конститутсионӣ дар ташаккули ниҳодҳои давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлатдории ҳуқуқбунёд мебошад. Дар тӯли ин давра Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ заминаи ташаккули низоми нави сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти мақомоти давлатӣ ва густариши кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон гардид.

Қабули Конститутсияро танҳо ҳамчун қабули як санади меъёрии ҳуқуқӣ арзёбӣ намудан барои дарки аҳаммияти таърихӣ ва ҳуқуқии он кофӣ нест. Он дар марҳалае қабул гардид, ки Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби ташаккули давлатдории соҳибистиқлол қарор дошт ва зарурати муайян намудани шакли давлат, низоми ҳокимият, мақоми инсон ва шаҳрванд, самтҳои рушди сиёсию ҳуқуқӣ ва асосҳои идоракунии давлатӣ аҳаммияти ҳаётӣ пайдо карда буд. Дар ҳамин замина, қабули Конститутсия ба раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон мазмун ва шакли ҳуқуқӣ бахшид.

Бо гузашти 32 сол аз қабули Конститутсия, Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ ноил гардид. Дар ин давра, ислоҳоти зиёди конститутсионӣ ва қонунгузорӣ амалӣ шуданд, ки ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, риояи ҳуқуқҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мусоидат карданд.

Ҷашни 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи ёдбуди таърихӣ аст, балки имконияти хубест барои баҳогузории дастовардҳои давлати миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ояндаи кишвар. Ин ҷашн фурсатест барои таҳкими ҳамбастагии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва бознигарии нақши Конститутсия дар рушди устувори ҷомеа. Дар тӯли 35 соли истиқлолият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари миллат дар татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ нақши босазо гузоштаанд.

Резвонов Салоҳидин,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор

Previous Post

Конститутсия – бахтномаи миллат ва раҳнамои ҷомеаи ҳуқуқбунёд. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсиву маърифатӣ баргузор гардид

Next Post

Қадами муҳим дар танзими муносибатҳои муҳорҷиратӣ

Next Post
Қадами муҳим дар танзими муносибатҳои муҳорҷиратӣ

Қадами муҳим дар танзими муносибатҳои муҳорҷиратӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.