Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, мулоқоти навбатӣ дар МТМУ №4-и деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудирони бахши Хадамоти маҳоҷират Шоназарзода Абдумалик, бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Сатторова Матлуба, бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Фаридуншоҳ Абдуллоев ва раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Хоҷаев Улуғбек иштирок намуда, бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни баромадҳо масъулин ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон, мубориза бо тамоюлҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи оқилона ва бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин пешгирии пӯшидани либоси бегона ибрози назар карда шуд.
Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, таълимоти ғайриқонунии динӣ, тақлид ба фарҳангу либоси бегона, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, инчунин риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, оид ба хатари таълимоти ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои ҳуқуқии иштирок дар чунин фаъолиятҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги волои тоҷикона тарбия намоянд.
Дар қисмати дигари мулоқот мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарҳ дода шуда, таъкид гардид, ки риояи талаботи қонуни мазкур ба пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамояд.
Дар анҷоми мулоқот сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешгирии падидаҳои номатлуб, риояи қонунгузории амалкунанда ва ҳифзу таҳкими сулҳу суботи ҷомеа изҳор намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

