Аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо сокинони деҳаи Адир Ҷамоати деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ гардида, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, таъмини амнияти шахсӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар баромади худ сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Муҳсин Болтаев ба иштирокчиён, ки қисми зиёди фарзандони онҳо дар фаъолияти меҳнатӣ қарор доранд, тавсия дода шуд, ки аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва робита бо гурӯҳҳои ифротгаро худдорӣ намуда, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиа ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ эҳтиёткор бошанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойи кор, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ва бемории сил, тавсия дода шуда, ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ зарурати ҳифзи саломатии худ ва риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ хотиррасон карда шуданд.
Ҳамчунин, оид ба тартиби будубоши қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, аз ҷумла шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои қайди муҳоҷиратӣ ва патент, инчунин санҷиши вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвари иқомат маълумот ва тавсияҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода ба саволҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон посухҳои мушаххас гардонида, варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

