• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Президент – Ифтихори мост

Migration Service by Migration Service
13.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Президент – Ифтихори мост
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин макон аст. Ватан – ин модар аст, ин хона аст, ин ҷойест, ки инсон дар он ба дунё меояд, калон мешавад ва барои ободии он хизмат мекунад. Мо хушбахтем, ки дар Тоҷикистони азиз, кишвари сулҳу ваҳдат ва орому осоишта ба дунё омадаем ва ба воя мерасем. Тоҷикистон – ин хонаи умеди мост, ки дар зери Парчами серанга ва Нишони давлатӣ мо озодона зиндагӣ мекунем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Яке аз проблемаҳои асосии кишвари мо дар солҳои нахустини Истиқолол, албатта, норасоии кадрҳои баландихтисоси  маҳаллӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ буд. Дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи экстремистони динӣ, қисми зиёди  кадрҳои баландихтисос – муҳандисон, олимон, омӯзгорон, табибони русзабон ва маҳаллӣ Тоҷикистонро тарк намуданд.

Президенти кишвар дар чунин шароити мушкили иҷтимоӣ -сиёсӣ  ба барқарорсозии соҳаи маориф, тиб, иҷтимоиёт, фарҳанг шуруъ намуд. Дар давраи баъд аз низоъ дар Тоҷикистон  ташаккули элитаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии ватанпараст яке аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  роҳбари  мамлакат буданд. Дар натиҷаи коркарди стратегияи нави рушди иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, Президенти кишвар ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ  афзалияти аввалиндараҷаро бахшид, чунки ин соҳаҳо тавлидкунанди сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин, барои таъмини сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ мебоист робитаи доимии минтақаҳои Тоҷикистон таъмин гардад. Вобаста ба ин масаъала  бо ибтикори Президенти кишвар амалисозии лоиҳаи  “Нақби Анзоб”  шуруъ гардид. Президенти Тоҷикистон бо ҷумлаи таърихии “мо бо нохун бошад ҳам, нақби Анзобро меканем ва сохтмонашро ба анҷом мерасонем”, ки 20 майи соли 1999 дар оғози корҳои сохтмони нақби Анзоб садо доду ба шиори умумимиллии тоҷикон мубаддал гашт, умеди шаҳрвандони кишварро ба ояндаи дурхшон қавӣ намуд. Нақши нақби Анзоб дар расидан ба яке аз ҳадафи стратегӣ, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон хеле назаррас аст, чунки он имкониятро барои рафтуомади шаҳрвандон, интиқоли мол ва савдо, ҳамкории  иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳои кишвар фароҳам овард.

Албатта, дертар якчанд нақби дигар дар Тоҷикистон сохта шуданд, аммо нақби Анзоб ба назари мо рамзи барҷастаи Ваҳдати миллӣ мебошад,чунки он дорои аҳамияти бузурги  иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ барои миллати мост. Умуман дар давоми фаъолияташон Президенти Тоҷикистон саъйу кушиши худро барои ноил шудан ба 4 ҳадафи стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар равона намуданд. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ   Қулма – Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон ба истифода дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти ин шоҳроҳ ҳамчунин инкишофи инфрасохтории шаҳру деҳоти Тоҷикистон вусъат гирифт. 

Аҳадзода Алишер,

Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Суҳбати саривақтӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Суҳбати саривақтӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Суҳбати саривақтӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.