Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин макон аст. Ватан – ин модар аст, ин хона аст, ин ҷойест, ки инсон дар он ба дунё меояд, калон мешавад ва барои ободии он хизмат мекунад. Мо хушбахтем, ки дар Тоҷикистони азиз, кишвари сулҳу ваҳдат ва орому осоишта ба дунё омадаем ва ба воя мерасем. Тоҷикистон – ин хонаи умеди мост, ки дар зери Парчами серанга ва Нишони давлатӣ мо озодона зиндагӣ мекунем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Яке аз проблемаҳои асосии кишвари мо дар солҳои нахустини Истиқолол, албатта, норасоии кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ буд. Дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи экстремистони динӣ, қисми зиёди кадрҳои баландихтисос – муҳандисон, олимон, омӯзгорон, табибони русзабон ва маҳаллӣ Тоҷикистонро тарк намуданд.
Президенти кишвар дар чунин шароити мушкили иҷтимоӣ -сиёсӣ ба барқарорсозии соҳаи маориф, тиб, иҷтимоиёт, фарҳанг шуруъ намуд. Дар давраи баъд аз низоъ дар Тоҷикистон ташаккули элитаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии ватанпараст яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбари мамлакат буданд. Дар натиҷаи коркарди стратегияи нави рушди иқтисодӣ – иҷтимоии Тоҷикистон, Президенти кишвар ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ афзалияти аввалиндараҷаро бахшид, чунки ин соҳаҳо тавлидкунанди сармояи инсонӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, барои таъмини сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ мебоист робитаи доимии минтақаҳои Тоҷикистон таъмин гардад. Вобаста ба ин масаъала бо ибтикори Президенти кишвар амалисозии лоиҳаи “Нақби Анзоб” шуруъ гардид. Президенти Тоҷикистон бо ҷумлаи таърихии “мо бо нохун бошад ҳам, нақби Анзобро меканем ва сохтмонашро ба анҷом мерасонем”, ки 20 майи соли 1999 дар оғози корҳои сохтмони нақби Анзоб садо доду ба шиори умумимиллии тоҷикон мубаддал гашт, умеди шаҳрвандони кишварро ба ояндаи дурхшон қавӣ намуд. Нақши нақби Анзоб дар расидан ба яке аз ҳадафи стратегӣ, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон хеле назаррас аст, чунки он имкониятро барои рафтуомади шаҳрвандон, интиқоли мол ва савдо, ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳои кишвар фароҳам овард.
Албатта, дертар якчанд нақби дигар дар Тоҷикистон сохта шуданд, аммо нақби Анзоб ба назари мо рамзи барҷастаи Ваҳдати миллӣ мебошад,чунки он дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ барои миллати мост. Умуман дар давоми фаъолияташон Президенти Тоҷикистон саъйу кушиши худро барои ноил шудан ба 4 ҳадафи стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар равона намуданд. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ Қулма – Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон ба истифода дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти ин шоҳроҳ ҳамчунин инкишофи инфрасохтории шаҳру деҳоти Тоҷикистон вусъат гирифт.
Аҳадзода Алишер,
Муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

