Агар мо ба гузаштаи начандон дури хеш назар афканем, мебинем, ки дар ҳақиқат Пешвои миллат ба саҳифаи таърихи тоҷикон муҳри давлатии воқеиятро гузоштааст. Яъне ба шаҳрвандони мамлакатамон расонидани моҳияту аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Сарвари оқилу хирадманди миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пеш аз ҳама бо ифтихор метавон гуфт, ки дар суханрониҳои худ ба ҳамватанону олами башарӣ борҳо таъкид ҳам кардаанд, ки: “Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили шукуфоии Ватани азизамон аст”. Мавриди зикр аст, ки Пешвои маҳбубамон чашми дили миллатро бедор ва ба андешаи истиқлол водор намуданд. Баъди ҳазорсолаҳо аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ, ба монанди: “Роҳ ба сӯи ваҳдат”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Дин ва ҷомеа”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба ҳамватанону оламиён пешниҳод кардаанд. Ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллат нахустин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан-Тоҷикистони азиз аз забонашон борҳо садо додаанд, ки: “Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!” ва ё “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” аз ҷумлаи онҳост. Бо ҳамин даъвату ҳидоятҳои ватанпарастона Президенти сулҳпарварамон чашми дили миллатро бедор ва ба андешаи истиқлол водор намуданд, чунки Истиқлолият ин тоҷи шарафу номуси ҳар як инсони ватандор аст.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, хусусан дар солҳои фоҷиабори 1992-1993 Сарвари давлати тозабунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатмандонаи худ дар дили шаҳрвандон, яъне тоҷикистониён шуълаи умедро ба фардои нек меафрӯхтанд. Бо қаҳрамонии ба худ хос ба Хусдеҳи Афғонистон сафар карданашон, вохӯриву суҳбатҳои самимонаву ватанпарастона ва самароварашон бо мухолифини давр, сазовори эҳтирому эътиқоди лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд гардиданашон, яке аз лаҳзаҳои зиндагиномаи пуршарафи Пешвои муаззами миллатамон мебошад. Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу ваҳдат мебинанд ва ба дигарон низ талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстон ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ки ин ғояи “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”- ро ташкил медиҳад. Дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон тамаддунсозии нав оғоз гардидааст, ки таҳкурсии устувори он фарҳанги сулҳофарӣ, аз ҷумла ба ваҳдат овардан ва ба дониш фаро гирифтани миллат мебошад. Зеро ҳама динбозӣ, мазҳабисозӣ ва маҳалгароӣ аз донишу ақлу заковат вобаста аст. Ин ҷасорат аз Пешвои миллат оғоз шуд ва бояд ҳамчун як дастури зиндагии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардад.
Таърих гувоҳ аст, ки оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид сар шуда, бо иштироки бевоситаи Дабири кули ин созмони бонуфуз, намояндагони махсуси ӯ ва бо дастгирии Шӯрои амнияти он гузашта буд. Ин амалиёт доир ба эҷоди сулҳ солҳои 1994 – 1997 амалӣ гардида, бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон, яъне “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 27 июни соли1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид.
Ин санаи тақдирсоз дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст. Сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Мо ҷавонон зодаи даврони истиқол ва ҷонибдори сулҳу ваҳдат дар қатори кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон худро яке аз хушбахтаринҳо меҳисобем, ки дорои чунин сарватҳои бузург чун “Истиқлол” ва “Ваҳдат” ҳастем. Ин неъматҳои бебаҳоро Худованд маҳз тавассути фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба мо Тоҷикистониён ато фармудааст. Бояд зикр кард, ки дар ҳамаи самтҳо, чиҳати амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон мо ҷавонон, ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва пайравони асили Пешвои муззами миллат ҳамеша дар сафи пеши бунёдкорони Ватан бошем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

