• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешвои миллат — рамзи сулҳу субот ва пояи устувори давлатдории миллӣ

Migration Service by Migration Service
16.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешвои миллат — рамзи сулҳу субот ва пояи устувори давлатдории миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бахшида ба 16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва сиёсӣ дар ҳаёти давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб рафта, таҷассумгари эҳтиром ба давлату давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати саросарии мардуми кишвар мебошад.


Ин санаи фархунда моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар афканда, нақши роҳбарияти давлатро дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини амнияту субот ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ намоем.

16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи тантанавии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, расман ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ карданд. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз намуда, барои ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ заминаи устувор гузошт.

Дар солҳои душвори аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар ба мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд, бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат заминаҳои барқарорсозии сулҳу оромӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ фароҳам оварда шуданд. Ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 аз дастовардҳои бузурги таърихӣ ба шумор меравад.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар самти рушди иқтисоди миллӣ, бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар қадамҳои устувор мегузорад.


Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлатро ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта ташкил медиҳад. Дар ин раванд фаъолияти сохторҳои Хадамоти муҳоҷират низ аҳамияти махсус дорад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, пешгирии ҳолатҳои истисмори меҳнатӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ин соҳа ба ҳисоб мераванд.

Таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, дастгирии оилаҳои муҳоҷирон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда нишон медиҳад, ки инсон ва манфиатҳои ӯ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд.

Дар баробари ин, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо терроризму экстремизм ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мақому манзалати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд.

Рӯзи Президент танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки имкониятест барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа. Ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо меҳнати софдилона, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.

Мо бояд ба насли ҷавон фаҳмонем, ки сулҳу субот, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бебаҳо буда, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар орзу менамоям.

Пешвои миллат — ифтихори давлатдорӣ, рамзи ваҳдат ва роҳнамои фардои ободи Тоҷикистон!

Илҳом Баротов,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор

Previous Post

Мулоқоти судманд бо сокинони  маҳаллаи “Бофанда”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Пешвои миллат – асосгузор ва ҳомии сулҳу ваҳдати тоҷикон

Next Post
Пешвои миллат – асосгузор ва ҳомии сулҳу ваҳдати тоҷикон

Пешвои миллат – асосгузор ва ҳомии сулҳу ваҳдати тоҷикон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.