Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, дӯстиву бародарӣ ва ягонагии давлат мебошад.
Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳо дониста мешуд. Дар аввал парчамро бо расмҳои ҳайвонот ва яроқу аслиҳа тасвир менамуданд. Агар дар ҷанг байрақ гум мешуд ва ё ба дасти душман меафтид, маънии мағлуб шуданро дошт. Ҳамчунин мардум онро дар сарзамини худ барои мубориза баҳри озодӣ истифода менамуданд. Ҳама ҳифзу ҷоннисориҳо аз он шаҳодат медод, ки ин рамз барои онҳо хеле муқаддас аст. Дар сарчашмаҳои қадимтарин роҷеъ ба ливо, алам, парчам, дирафш, ки рамзи давлатдории ориёиён маҳсуб мешавад, маълумоти зиёд мавҷуд аст. Халқи тоҷик аз қадим дар парчами худ нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангии худро инъикос мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки дар он роҳи таърихии тайкарда ва дигар аломатҳои ифодакунандаи давлатдорӣ таҷассум ёбанд. Парчам дар таърих минбаъд бо номҳои байрақ ва ливо низ ифода мешуд.
Таърихномаи давлатдории халқҳои ҷаҳон собит месозад, ки ҳар як парчам сарнавишти худро дошта, дар масири таърих борҳо такмилу такомул ёфтааст. Аз ин рӯ, шакл ва ранги парчам вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва ҳаводиси дар сарнавишти миллат рухдода тағйр меёбад. Вобаста ба ин, нусхаи аслии парчамҳои пешин дар осорхона ва мавзеъҳои муайяншуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ин аз арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва заҳмати гузаштагон шаҳодат медиҳад. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башар Парчам дар баробари дигар ҷанбаҳои ҳаёти башарият яке аз бахшҳои таърихи инсоният буда, таҳия ва мавриди истифода қарор додани он дар сарнавишти халқу миллатҳои сайёра нақши муҳим ва умда дорад.
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории миллӣ номдор буда, тӯли садсолаҳо тавонистаанд, ки бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро пойбарҷо гузоранд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳокимону роҳбарон барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд. Ба ин маънӣ, Парчам дар марҳалаи тӯлонии таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.
Миллати тоҷик миллати фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди миллати тоҷик ифтихор намояд.
Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”.
Парафшонии парчами миллӣ ба ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар кадоми мову шумо вобаста аст. Агар мо ҷасорат дорем, зиракии сиёсӣ ва бедории миллӣ дорем, агар мо аз оромиву осудагии падару модар ва хонадонамон меандешем, пас мо омодаем, ки дар ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ ва ҷилваи парчами давлатӣ ҷонамонро фидо кунем. Ҳамин аст моҳияти ниҳоиии худшиносии миллӣ ва дӯст доштан Ватан Модар! Ҳамаи мо шаҳрвандони ин диёро зарур аст, ки нисбат ба ҳар фарди миллати тоҷик меҳрубону дар ифоқа бошем, то ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистони азиз поянда бошад ва ба ин васила саодати рӯзгор моро ёру мададгор гардад.
Раҳимова Нигинамо,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара

