Тирамоҳи соли 1991 дар сарзамини мо, яъне Тоҷикистон навзоде бо номи Истиқлол чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъди он, ки Тоҷикистон озод гардид, соли 1992 Парчамро қабул намуд. Ва то имрӯз он тифли навзоде, ки буд устуворона қадам мезанад. Парчам се рангро дар бар мегирад ва ҳар гоҳе, ки ба рангҳои ӯ менигарӣ худ ба худ табассум мекунӣ, аҷаб ному ранги дилфиреб дорад. Оре, парчам худ муқаддас аст. Парчам ин рамзи давлатдорӣ мебошад. Аз ин сабаб парчамро муқаддасоти миллӣ гуфтаанд. Ин ҳама дастовардҳо аз истиқлол вобастагӣ дорад. Шукрона мекунем ва фахр аз он дорем, ки тоҷикему соҳибистиқлолем.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчаму истиқлол беихтиёр ба даст наомадаанд. Онҳо заҳмати хеле зиёдеро талаб карданд. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз ҷониби аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме, ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёнӣ буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд. Дар асоси ривоятҳои қадима, ки дар Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ оварда шудааст, “Дирафши Ковиёнӣ” дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳок пайдо шудааст. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард. Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг – сурх, сафед, нилгун ороиш дода, номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд. Дар давраи ҳукумронии “Ҳахоманишиён” парчам шакли дигар гирифта буд. Дар ин парчам уқоби тиллоӣ дар мобайн ва аз паҳлӯҳо матоъҳои секунҷашакли сафед, сурх, сабз тасвир ёфтааст. Дар давраи сулолаи Сосониён, ки онҳо худро қавми ҳахоманишиён мешумориданд, парчами худро “Дирафши Ковиёнӣ” интихоб карданд. Инчунин дар ин давра нишонаи давлатии Сосониён моҳи нопурра ба ҳисоб мерафт ва то ҳоло ҳамчун аломати дини ислом то ба давраи мо расидааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Хушбахтона, бо шарофияти Истиқлоли давлатии тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Парчами миллӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати сохибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯйи сарсабзиву шукуфои ва зиндагии пурсаодат мебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Файзализода Сафаралӣ,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

