Ҷашни рӯзи Парчам – эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба руҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои пасошуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқи давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардидаанд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил Парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул намоянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардидааст ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Ин рӯз яке аз идҳои расмии давлатӣ ба шумор рафта, ба хотири қабул шудани Парчами кунунии кишвар муқаррар шудааст. Бахтиёрӣ ва ифтихори миллӣ дар соли 2011 бо сохтани пояи парчам бо баландии 165 метр дар маркази Душанбе ба авҷи худ расид, ки но вақт ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд.
Парчам аз серанг (сурх, сафед, сабз) ва дар марказ бо ҳафт ситора иборат аст: Сурх: рамзи мубориза, ҷоннисории халқдар роҳи озодӣ ва истиқлолият.
Сафед: рамзи бахту иқболи сафед, софӣ, покӣ ва соҳаи пахтакории кишвар.
Сабз: рамзи шукуфоӣ, сарсабзии табиат ва ҷавонӣ.
Тоҷ ва ҳафт ситора: рамзи соҳибдавлатӣ, иттиҳод ва ҳафт иқлими фарҳангии таърихи тоҷикон.
Имрӯз парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаҳои олам, дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дар мусобиқаҳои варзишӣ парафшонӣ мекунад ва аз соҳибистиқлол будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ин парчами муқаддасро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, барои пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми худро гузорад.
Саторова М.К.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд

