Тибқи нақша – чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат якҷоя бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба самти шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия сафар менамуданд, корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханрони намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуданд.
Ба шаҳрвандоне, ки майли сафар ба Федератсияи Россия доранд фаҳмонида шуд, вақте, ки дар корти муҳоҷиратӣ (мигратсионная карта) мақсадро “Работа” қайд менамоед бояд дар муддати 30 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба кишвари Россия ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба мақомоти минтақавии ВКД ФР бояд супоред. Патентро гирифта, ҳар моҳ пешпардохти андози патентро супоред. Дар асоси патент муҳоҷир метавонад 12 моҳ кор кунад ва бе баромадан аз ҳудуди Россия патенти нав барои соли оянда гирад.
Зикр карда карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ экстремистӣ амал мекунанд, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд, аз бемориҳои сироятшаванда худ ва аъзои оилаи худро эмин нигоҳ доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

