Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Балҷувон бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаи муҳимму ҳаётан зарур — бунёди пули мошингузар аз болои дарёи Сурхоб, ки барои сокинони деҳаҳои Шаҳидӣ, Бобохон ва Файзобод аҳаммияти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки бунёди ин пул танҳо сохтмони як иншооти муҳандисӣ набуда, балки қадами муҳим дар роҳи осон намудани рафтуомади мардум, таъмини робитаи доимии байни деҳаҳо, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон мебошад.
Дар рафти суҳбат аз муҳоҷирони бозгашта даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар ин иқдоми хайрхоҳона саҳм гузоранд. Зеро ободии Ватан аз саҳми ҳар як фарди бонангу номус оғоз меёбад.
Пули Сурхоб бояд пули умеду орзӯҳо, пайванди дилҳо ва рамзи ҳамдилию сарҷамъии мардум бошад!
Бешубҳа, вақте мардум барои ҳадафи созанда муттаҳид мегарданд, мушкилтарин корҳо низ амалӣ мешаванд. Бунёди ин пул намунаи равшани ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати сокинон ба зодгоҳи хеш хоҳад буд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

