Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина тадбирҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ ва ташкилию амалии пайваста андешида мешаванд.
Ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон бо қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ марҳила ба марҳила сурат гирифтааст. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” аз аввалин иқдомҳои муҳими ташаккули сиёсати муназзами давлатӣ дар ин самт ба шумор меравад.
Ҳамчунин, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия аз 25 сентябри соли 2006 барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ замина фароҳам овард. Дар идомаи ин раванд, соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Фаъолияти ин мақом бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008, №374 ба танзим дароварда мешавад.
Дар баробари ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардиданд. Ин санадҳо барои муайян намудани самтҳои афзалиятнок, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва тақвияти тадбирҳои пешгирикунанда нақши муҳим бозиданд.
Марҳилаи нави таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 оғоз гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ равона шудааст. Дар он мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, субъектҳои муқовимат ба коррупсия, самтҳои пешгирӣ ва механизмҳои ҷавобгарӣ муайян гардидаанд.
Қадами муҳими дигар қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад. Стратегия самтҳои дарозмуддати сиёсати давлатиро дар ин соҳа муайян намуда, тақвияти пешгирӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандиро аз вазифаҳои асосӣ мешуморад. Барои татбиқи он нақшаҳои чорабиниҳои марҳилавӣ, аз ҷумла нақшаи марҳилаи дуюм барои солҳои 2026–2030 низ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон маҷмуи қонунҳо, фармонҳо, қарорҳои Ҳукумат, стратегияҳо ва санадҳои соҳавиро дар бар гирифта, барои ташкили фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.
Коррупсияро танҳо ҳамчун ришваситонӣ ё ришвадиҳӣ арзёбӣ кардан дуруст нест. Он метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, бархӯрди манфиатҳо, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ, додани имтиёзҳои ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои хилофи қонун зуҳур намояд.
Дар маҷмуъ, муқовимат ба коррупсия раванди пайваста ва масъулияти муштараки давлату ҷомеа буда, самаранокии он аз риояи волоияти қонун, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳанги поквиҷдононаи шаҳрвандон вобаста мебошад.
Раҳимова Нигинамо,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара

