23 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияту кормандон ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” чорабинии тантанавӣ доир гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз гирифт.
Сараввал муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир кормандонро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои таърихии халқи тоҷик мебошад. Дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани мақоми ин рамзи давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе назаррас мебошад.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун баёнгари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки дар Парчам ва Ливои Президент тамоми таърихи миллат ва аввалин парчам дар тамаддуни башарӣ – Дирафши Ковиён таҷассум ёфтааст. Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик изҳор доштаанд, ки “Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад – нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад”.
Бузургдошти Парчами давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳифз ва қадрдонии он ба кӯшишҳои ҳар як фарди ҷомеа вобаста мебошад. Миллати тоҷик баъд аз он низ рисолати тамаддунофарии хешро ҳамвора ҳифз намуда, дар интиҳои асри гузашта ба истиқлолияти комил ноил шуд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон айём инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Парчам рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ буда, дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд”.
Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Дар охир Шарифзода Маҳмадсалим Пир кормандони Хадамот ва кулли ҳамватанонро ба ин санаи фараҳбахш, рӯзи Парчами давлатӣ муарифгари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табрику таҳният гуфта, осмони соф, сулҳу субот, амнияту оромӣ ва гулгулшукуфии Ватани азизро орзу намуд.
Иброз кард, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба Ватан, миллат ва таъриху фарҳанги хеш буда, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихори миллӣ дар ҳифзу гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ саҳмгузор бошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

