24-ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон солгарди ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо Парчамро дар шароити сулҳу оромӣ ҷашн мегиранд. Парчами давлатӣ рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ, дар фазои орому осудагӣ фаъолияту зиндагӣ дорем. Бояд ҳар яки мо дарк намоем, ки ҷашн гирифтани арзишҳои миллӣ ба мисоли рӯзи Парчам ифтихори бузург мебошад. 24-ноябр ҳамчун иди Парчам дар феҳристи ҷашнҳои давлатӣ дохил карда шуд. Ҳамчунон, 16-уми ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтем.
Доштани Нишони миллӣ, Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, марзу буми мухтор ва забони давлатӣ шарафи бузург барои ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ, новобаста аз қавму миллат мебошад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии мо тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои миллиамон – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчами давлатӣ ва дертар Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон чун нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд, ки рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои бузург дар кишвари мо бо тантана таҷлил мегардад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамин Парчами серангаи тоҷдори нурафшон мешиносад. Маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем. Мо тоҷикон дар таърихи инсоният яке аз миллатҳои қадим соҳиби Парчами худ будем. Дар таърихи гузаштаи мо тамоми сулолаҳо Парчами худро доштанд ва онро бо рангҳои гуногун зиннат медоданд. Парчами миллӣ дар ҳама давру замон баёнгари соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ ва соҳибдавлатии ҳар як миллат буд, ҳаст ва мемонад. Миллати тоҷик бо фарҳанги баланду эҳсоси амиқи ватандӯстии хеш расму оини ниёгони худро ҳамеша пойбарҷо нигоҳ медорад ва ба арзишҳои олии он эҳтироми хоса зоҳир менамояд.
Имрӯзҳо дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пояҳои баланди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке пас аз дигаре барафрохта шуда, Рӯзи парчам дар саросари Ватани азизамон бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Тавассути парчам натанҳо кишварҳоро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, балки парчам ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллатҳо дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишии бонуфузи бийналмилалию минтақавӣ барафарохта мешавад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мо шоҳиди ба ваҷд омадани одамон аз ифтихороти миллию давлатиашон мешавем. Ин ҳолатҳо то ҷое таъсирбахш ва самимиянд, ки дар пеши чашми миллионҳо бинанда одамон ашки шодӣ мерезанд.
Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

