• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва обрӯю нуфузи кишвар таъсири манфӣ мерасонад

Migration Service by Migration Service
25.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва обрӯю нуфузи кишвар таъсири манфӣ мерасонад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад бовар дошта бошад, ки дониш, қобилият ва заҳмати ҳалол роҳи ӯро ба сӯи зиндагии шоиста ҳамвор месозанд. Аммо барои амалӣ шудани ин умедҳо як хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ин на душвориҳои зиндагӣ, балки андешаи нодурустест, ки гӯё “ҳама чиз на бо дониш ва меҳнат, балки бо шиносбозӣ ва пул ҳал мешавад”.  Агар чунин тафаккур дар ҷомеа реша давонад, он на танҳо ба манфиатҳои шахсони алоҳида, балки ба ояндаи тамоми ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад.

Коррупсияро метавон “андози пинҳонӣ” номид, зеро пайомадҳои манфии он на танҳо ба шахсони бевосита дастдошта, балки ба тамоми ҷомеа таъсир мерасонанд. Ҳар маблағе, ки дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ аз истифодаи мақсаднок берун мемонад ё ғайриқонунӣ тасарруф мешавад, дар асл аз ҳисоби манфиатҳои ҷамъиятӣ кам мегардад. Ин ҳолат метавонад боиси бесифат анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ, нотамом мондани роҳҳо, норасоии таҷҳизоти зарурӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва сари вақт дастрас нагардидани доруворӣ ба ниёзмандон шавад. Ҳамин тариқ, зарари коррупсия дар ниҳоят ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Коррупсия ба иқтисодиёт низ таъсири манфӣ мерасонад. Сармоягузор пеш аз ворид намудани сармоя ба кишвар ё минтақа, пеш аз ҳама, ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки қоидаҳои фаъолият то чӣ андоза равшан, устувор ва барои ҳама баробар мебошанд. Агар дар баробари пардохтҳои расмӣ хароҷоти ғайрирасмӣ низ вуҷуд дошта бошанд, хавфу хатарҳои фаъолияти соҳибкорӣ афзоиш меёбанд. Дар чунин шароит сармоягузор метавонад аз амалӣ намудани нақшаҳои худ даст кашад. Дар натиҷа, на танҳо имкониятҳои ҷалби сармоя, балки таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ маҳдуд мешаванд. Аммо зиёни аз ҳама бузурги коррупсияро бо пул чен кардан имконнопазир аст. Коррупсия эътимоди шаҳрвандонро ба давлат, қонун ва адолати иҷтимоӣ заиф месозад. Аз ҳамин сабаб, дар санадҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон коррупсия ҳамчун яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба рушди устувор ва амнияти давлат арзёбӣ мегардад.

Муқовимати муассир ба коррупсия бе сиёсати пайгиронаи давлатӣ ва иродаи қавии сиёсӣ имконнопазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия марҳила ба марҳила ташаккул ёфтаанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 2013 Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 қабул гардид. Айни замон Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амал мекунад. Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюми татбиқи он барои солҳои 2026-2030 низ тасдиқ шудааст.

Муҳим он аст, ки сиёсати давлатӣ тадриҷан аз мубориза бо оқибатҳои коррупсия ба пешгирии сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда равона мегардад. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Пешвои миллат дар суханрониҳо ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки коррупсия ба эътимоди мардум, фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва обрӯю нуфузи кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Яке аз вазифаҳои муҳим таъмини мутобиқати амалияи фаъолияти мақомоти давлатӣ ба талаботи қонунгузорӣ ва бартараф намудани омилҳое мебошад, ки барои зуҳури муносибатҳои коррупсионӣ замина фароҳам меоранд. Шаҳрванд бояд ҳангоми гирифтани маълумотнома, ҳуҷҷат ва истифодаи хизматрасониҳои давлатӣ, тиббӣ ё дигар хизматрасониҳои ҷамъиятӣ эҳсос намояд, ки қонун барои ҳама баробар амал мекунад.

Муқовимат ба коррупсия танҳо мубориза бо як амали ғайриқонунӣ нест, балки ҳифзи адолати иҷтимоӣ, таҳкими эътимоди шаҳрвандон ва фароҳам овардани заминаи устувор барои рушди давлату ҷомеа мебошад.

Собиров Садам,

Мутахассиси пешбари Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Муломир ва супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дузандагӣ

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Муломир ва супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дузандагӣ

Вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Муломир ва супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дузандагӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.