• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Муломир ва супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дузандагӣ

Migration Service by Migration Service
26.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Муломир ва супоридани шаҳодатномаҳои касбӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дузандагӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ, мусоидат ба шуғли пурмаҳсул ва пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, дар деҳаи Муломири ноҳияи Ашт бо иштироки намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират ва филиали МД “Маркази таълимии калонсолон”-и ноҳияи вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дӯзандагӣ, ки курси омӯзиширо бомуваффақият хатм намуданд, шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуданд.

Зимни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарзода Сулҳия баромад намуда, оид ба аҳамияти касбомӯзӣ ва аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ, махсусан ҷалби занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза соҳибкасб будан яке аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста, пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як шахс метавонад бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда касбу ҳунар омӯхта, дар оянда фаъолияти мустақилонаи меҳнатиро ба роҳ монад ва ба беҳбудии вазъи иқтисодии оилаи худ саҳм гузорад.

Ҳамзамон, Назарзода Сулҳия дар баромади худ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, мубориза бар зидди савдои одамон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила  ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар бояд аз роҳҳои қонунӣ истифода бурда, пеш аз сафар ҳуҷҷатҳои заруриро ба расмият дароранд, аз пешниҳоди ваъдаҳои бардурӯғи шахсони миёнарав эҳтиёт бошанд ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд. Инчунин, зарурати баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва пешгирии таъсири гурӯҳҳои ифротгаро таъкид гардид.

Дар идомаи суҳбат масъалаи зӯроварӣ дар оила низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон ба эҳтироми ҳамдигар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва роҳ надодан ба ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ даъват карда шуданд.Дар фарҷоми вохӯрӣ бо сокинон суҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рушди касбомӯзӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Коррупсия ба фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва обрӯю нуфузи кишвар таъсири манфӣ мерасонад

Next Post

Мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Next Post
Мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.