Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ, мусоидат ба шуғли пурмаҳсул ва пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, дар деҳаи Муломири ноҳияи Ашт бо иштироки намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират ва филиали МД “Маркази таълимии калонсолон”-и ноҳияи вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ ба гурӯҳи касбомӯзии дӯзандагӣ, ки курси омӯзиширо бомуваффақият хатм намуданд, шаҳодатномаҳои касбӣ супорида шуданд.
Зимни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарзода Сулҳия баромад намуда, оид ба аҳамияти касбомӯзӣ ва аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ, махсусан ҷалби занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ, ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза соҳибкасб будан яке аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста, пайдо намудани ҷойи кори муносиб ва пешгирии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як шахс метавонад бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда касбу ҳунар омӯхта, дар оянда фаъолияти мустақилонаи меҳнатиро ба роҳ монад ва ба беҳбудии вазъи иқтисодии оилаи худ саҳм гузорад.
Ҳамзамон, Назарзода Сулҳия дар баромади худ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, мубориза бар зидди савдои одамон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандон ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар бояд аз роҳҳои қонунӣ истифода бурда, пеш аз сафар ҳуҷҷатҳои заруриро ба расмият дароранд, аз пешниҳоди ваъдаҳои бардурӯғи шахсони миёнарав эҳтиёт бошанд ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд. Инчунин, зарурати баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва пешгирии таъсири гурӯҳҳои ифротгаро таъкид гардид.
Дар идомаи суҳбат масъалаи зӯроварӣ дар оила низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон ба эҳтироми ҳамдигар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва роҳ надодан ба ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ даъват карда шуданд.Дар фарҷоми вохӯрӣ бо сокинон суҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рушди касбомӯзӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

