Дар заминаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ ҷумҳурии мо мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз сар гузаронд, ки боиси хисороти зиёди пулию молиявӣ гардид.
Аз ин рӯ, кишвари моро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, бахусус терроризму ифротгароӣ пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдор гардидани ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комилро таъмин намояд. Ҳадафи асосии терроризм – бо истифодаи зуроварӣ ва таҳдид ба ҳаёти инсонҳо, нақшаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро тағйир додан аст. Онҳо мехоҳанд, ки бо ба вуҷуд овардани ҳарос дар ҷомеа ва ё таъқиб кардани рақибони сиёсӣ, ҳамаро ба қиёс бо хоҳишҳои худ мепайванданд. Истифодаи зӯроварӣ, таҳқир, фишор ва паст кардани қадр ва эҳтироми инсонҳо, махсусан дар мавриди этникҳои гуногун, метавонад сабаби ба вуҷуд омадани ифротгароӣ бошад.
Ифротгароӣ дар ҳар шакл ва намуди худ барои ҷомеа хатарнок аст, зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсонро нақз мекунад. Ҳар як шаҳрванди солимфикрро лозим аст, ки фарзандони худро ҳамешагӣ зери назар гиранд ва нагузоранд, ки ҳангоми истифодаи телефонҳои мобилӣ аз шабакаҳои интернетӣ ба ҳар саҳифаҳои тасодуфӣ ворид гарданд. Зеро роҳи асосии шомилгардии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун тавассути сомонаҳои интернетӣ ва баъдан ба муҳоҷират рафтани онҳо мебошад.
Имрӯз, масъалаи терроризм ва экстремизм ба яке аз мушкилоти мубрами сайёра табдил ёфта, хавфу хатар ва оқибатҳои он ба амнияту суботи тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Бо масъулияти шаҳрвандӣ дар мубориза бо ҳама гуна амалҳои террористӣ устувор бояд буд, зеро расидан ба тавофуқи муассир дар ҷомеа дар мубориза бар зидди терроризм аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти муштараки шаҳрвандон ва ниҳодҳои қудратии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.
Сафаров Фаридун,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе