Ҳоло кишвари тоҷикон ба ҷашнгирии 35 – умин солгарди истиқлоли миллӣ омодагӣ дорад ва тӯли ин сол ба мушкилиҳову муаммоҳои зиёде рӯ ба рӯ омадааст.
Зеро буданд нафароне, ки гурӯҳи мусаллаҳ таъсис дода, зидди давлату миллат баромаданд, ҳадафи онҳо пеш аз ҳама пароканда кардани кишвари навтаъсиси тоҷикон ва дар қалби аҳолии осоишта коштани тухми бадбиниву надомат буд.
Хушбахтона, роҳбарон, сиёсатмадорон ва ҷавонони бонангу номуси кишвар бар зидди чунин гурӯҳҳо баромада, сулҳу якдилӣ, муттаҳидиву ҳамбастагиро дубора эҳё карданд.
Ҳамагон хуб аз он огаҳ ҳастем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳолатҳои гуногуни ҷинояткорӣ, қаллобӣ, терроризму экстремизм ва ба амсоли ин ҳолатҳои нангин даст задани ҷавонон ба назар мерасад.
На ҳар нафар аз он огаҳ аст, ки оқибати гӯш андохтан ба хоинони кишвар пеш аз ҳама даст кашидан аз падару модар, хоҳару бародар ва Ватан аст!
Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ба амният, оромӣ ва субботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Мутаассифона, дар замоне, ки шабакаҳои иттилоотӣ барои ҳар фард дастрас аст, миқдори чунин ҳодисаҳо торафт афзуда истодааст, зеро чунин гурӯҳҳои ифротӣ аллакай тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фикру ақидаи ҷавононро дигаргун сохта, барои даст задан ба чунин ҷинояткорӣ равона мекунанд.
На ҳар нафар маърифати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро доранд ва аз ин лиҳоз аз нодониву камдонишии худ ба ин гурӯҳҳо пайваста, худ ва наздиконро зери хатар мегузоранд.
Хушбахтона, ҳоло аз ҷониби мақомотҳои махсус гурӯҳҳои иҷтимоии ифротӣ дастгир ва сари вақт ҷазо дода шуда истодааст.
Ҷоиз ба қайд аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз аз синфҳои поёнӣ маърифати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро бояд омӯзонд, зеро ҳоло дар дасти хонандаи синфҳои яку ду низ телефони мобилӣ мавҷуд аст.
Агар ҳар як падару модар назоратро нисбат ба фарзанди худ пурзӯр намоянд, алалхусус ба кадом шабакаҳо пайваст будани онҳоро донанд, шояд миқдори ба доми фиреб афтодани ҷавонон кам гардад.
Албатта, имрӯз ҷавонон бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд, зеро тариқи он аксар соҳиби илму дониш гардида, онро ба таври мусбат истифода мебаранд.
Ҳамчунин, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо дӯстони дар хориҷи кишвар буда, тамос мегиранду ҳамчунин аз хабарҳои муҳими ҷаҳон огаҳӣ пайдо мекунанд. Вале, як паёмаки ношинос метавонад ҳаёти осудаву осоиштаи ҷавонро халалдор сохта, минбаъд ба гумроҳӣ барад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки нисбат ба ҳаёти фарзандони худ бетараф набошем, ҳамеша аз ҳолати равонии онҳо бохабар гардида, барои маслиҳату суҳбат вақти худро ҷудо намоем. Ҷомеаи солим аз ҷавонони солим вобастагии зиёд дорад.
Исмоилзода Муҳаммадисоқ,
корманди масъули Хадамоти муҳоҷират