Артиши миллӣ нишонае аз ҳастии давлату миллат буда, он дар пойдории амнияту ҳифзи марзу бум ҳамчун сипари боэътимод фаъолият мекунад. Артиш дар таърихи давлатдории бесобиқаи миллат ҳамчун ҳимоятгар аз таъсири қувваҳои харобиовари берунаву дохила эътироф гардидааст.
Халқи тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз дар таърихи аввали давлатдории худ соҳиби артишу сипоҳи озмудаву бонизом будааст, ки он дар ғалабаҳои бесобиқаи худ аз муҳимтарин восита маҳсуб меёбад. Агар ба саросари шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – “Шоҳнома” рӯ оварда шавад, ба хубӣ маълум мегардад, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби давлату артиш буда, дар таҳкими амнияти худ тадбирҳои муҳимро андешидааст. Ҳимояти сарзамини аҷдодӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти он, эҳтиром гузоштан ба обу хоки Ватан маҳаки асосии ин асари бузурги таърихӣ аст. Мазмуни ин асар аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик бо гиромидошт ва арҷгузории хоки поки худ решаи амиқ дошта, дар ин ҷода пайроҳаҳои зиёдеро тай намуда, қувваи муҳофизати худро аз таъсири душманон дар баробари ақлу хирад, маҳз дар қудрати неруи ҷангии худ медид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ тамоми дороияшро аз даст дод ва бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар эҳёи давлатдории навин бо кӯшиш ва ғайрату матонати Сарвари худ ба марҳилаи тозае қадам гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари ҳокимият омадан дар таҳким бахшидани сулҳу субот дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ дар таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муҳим андешида, 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Сипас, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бори нахуст гузашти низомӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Ин сана барои мардуми тоҷик, ки ҳуввияти баланди миллӣ доранд, монанди дигар санаҳои таърихии миллату давлат, воқеан, шодиовар маҳсуб гардида, шурӯъ аз ҳамон замон шоирону сарояндагон рӯ ба ин мавзуъ оварда, бо суруду эҷодиёти беназирашон дар таҷлили бошукӯҳи ин рӯзи фархундафирӯз хотири мардуми хешро шоду масрур мегардониданд.
Имрӯз, аз таъсиси ин артиши нерӯманд солҳо сипарӣ шуданд. Дар давоми ин солҳо метавон гуфт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои оромиву осоиштагӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ гомҳои устувор ниҳода омада истодааст.
Зикри бояд намуд, ки Артиши миллӣ таҳти идораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон генерали артиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи ин солҳо ба пешрафти бузург рӯ ба рӯ шуда, он имрӯз бо техникаҳои ҳарбии замонавӣ таъмин буда, бо боварии комил метавон иброз дошт, ки амнияти кишварро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин медорад. Пешвои миллат ба Артиши миллӣ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд, ки ин ҳам бесабаб нест, зеро вазъи сиёсии ҷаҳон водор мекунад, ки дар баробари зиракии сиёсиро аз даст надодан, қудратнок намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар манфиати кор хоҳад буд.
Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳояшон бобати ин масъала ибрози назар мекунанд. Дар Паёми хеш Пешвои миллат ҳам оид ба ин масъала чунин иброз намудаанд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – терраризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи қобилияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси маъулиятшиносӣ ва инсондӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд”.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат дар самти ҳифзи марзи Ватан қобили васфу ситоиш аст. Аз амнияти кишвар изҳори шукргузорӣ намуда, содиқона паи хизмат ба халқу Ватан вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар аст.
Имрӯз, хушбахтона, ҳамаи шароитҳо барои хизмат дар сафи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шуда, ҳолатҳои будубоши сарбозон чандин маротиба беҳтар гардидааст. Аз ин рӯ бояд ҳар фарди худшинос хизмат ба Ватанро бо масъулияти баланд дарк намуда, барои иҷрои ин қарзи фарзандӣ камари ҳиммат бандем.
Ноёбшоева Зуҳро,
Мутахассиси бахши Хадамоти Муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ