Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо давлати хайрхоҳу сулҳдӯст ва башарпарвар буда, ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Сиёсати хориҷии он ба ҳалли тамоми муноқишаҳои минтақавӣ бо роҳи дипломатӣ равона шуда, ҷонибдори тавсиаи муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои олам аст. Аммо таҳаввулоти ҳарбию сиёсии ҷаҳон, вазъи номусоид ва хатарангези замони муосир моро водор месозад, ки барои ҳифз ва таъмини сулҳу осоиштагии халқамон зираку ҳушёр ва ҳамеша омода бошем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки “мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари баэътимоди мамлакат мебошад. Ҷавонони тоҷик идомадиҳандаи корнамоӣ ва ҷасорату далерии гузаштагони номдори худ ҳастанд. Онҳо бо номи қаҳрамонони ҳалқи худ Рустаму Шерак, Деваштичу Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ифтихор дошта, худро пайрави онҳо меҳисобанд. Ин аст, ки мо эътимод ба неруҳои муҳофизи Ватани азизамон дошта, бо онҳо ифтихор мекунем.
Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд. Мо барои Модар -Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем. Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ноороми ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ ҷой дошт. Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ кард. Барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Ба ҳар сурат, Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу буми кишвар зуҳур кард.
23-юми феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи истиқлоли давлатӣ аст. 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонд. Артиши миллии мо дар заминаи Ҷабҳаи халқӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. 23-юми феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ, вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.
Исмоилзода Муҳаммадисоқ,
Корманди бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират