Ҳамарӯза ба шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» ва «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе даҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ тавассути парвоз ва қатора ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равонаанд, муроҷиат менамоянд.
Аз ҷумла, кормандони шуъба дар «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе» ба сокинони мамлакат, ки барои хариди чипта ва санҷиши маҷбуран берун кардан (депортация), иҷозати кор, қайди муваққатӣ, патент, оид ба навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати кишвари Россия омадаанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар рӯз ба намояндагии шуъба дар “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе” зиёда аз 50 то 100 нафар ҷавонони сину соли гуногун ташриф оварда, шиносномаи худро аз санҷиш гузаронида, оид ба қонунгузории нави кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла тарзи гирифтани патент, қайди муваққатӣ, иҷозати кор омода намудани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои муҳоҷират пурсон мешаванд.
Дар навбати худ кормандони Раёсат омодаанд, ки ба ҳар нафар муроҷиаткунандагон кумакӣ худро расонанд.
Тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, он шаҳрвандоне, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба давлати қабулкунанда сафар менамоянд, ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ, сатҳи забондонӣ ва малакаи касбии онҳо мутобиқат намекунанд ва онҳоро зарур меояд, ки сатҳи забондонӣ ва малакаи касбиашонро дар сатҳи талаботи бозори ҷаҳонӣ баланд бардошта, баъд азми сафар намоянд, то ки барои худ ва давлати маҳбубамон Тоҷикистон хатари нав эҷод насозанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Федератсияи Россия барои пайдо намудани кори мувофиқ талош менамоянд, аммо онҳо андеша намекунанд, ки дар кишвари Россия рӯз то рӯз кору фаъолият намудан дучанд мушкил гардидааст.
Бояд таъкид намуд, ки имрӯз бозори ҷаҳонӣ танҳо ба муҳоҷирони касбу ҳунар дошта эҳтиёҷ дорад. Вақти он расидааст, ки ҳар як фарди муҳоҷир, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунад, инро дарк намояд ва падару модари онҳо бетарафӣ зоҳир накунанд. Айни замон дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия танҳо ба кор ҳамон шахсонеро қабул менамоянд, ки касбу ҳунар доранд. Шахсоне, ки ягон касб надоранд, сарсону саргардон аз шашмоҳ то як сол бекор гашта, аъзои оилаи худро баташвиш мегузоранд. Ба ғайр аз ин, баъзе аз онҳо ба доми нафароне, меафтанд, ки онҳоро гумроҳ намуда дар ивази кори сердаромад ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил мекунанд, ки ташвишовар аст.
Аз ин лиҳоз, кормандони Раёсат бори дигар таъкид менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунад, пеш аз сафар ҳатман ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Ҳангоми сафар дар даст аз буклетҳои омода кардаи Хадамоти муҳоҷират дар бораи қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират дошта бошанд, нисбат ба ихтисоси худ имтиҳон супорида ҳуҷҷат (сертификат) гиранд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия тест (имтиҳон) супорида, соҳиби Сертификат шаванд. Аз ташхиси тиббӣ гузашта бо корфармо шартномаи меҳнатӣ баста, патент гиранд, дар қайди муваққатӣ гузошта оромона кору фаъолият намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе