Санаи 6 марти соли равон дар бинои МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ва Хадамоти муҳоҷират ба хатмкунандагони курсҳои ройгони омӯзиши забони англисӣ Сертификат ва китобҳои луғати забони англисӣ супорида шуд.
Тавре аз Маркази машваратӣ иттилоъ доданд, ташкили курсҳои омӯзиши забони англисӣ яке аз чорабиниҳое мебошад, ки Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷират дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимии Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир” баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонии муҳоҷирони корӣ амалӣ менамояд.
Давомнокии ин курсҳо 3 моҳро дар бар гирифта, дар он сатҳи аввали забони англисӣ омӯзонида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират