• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ба ифротиён нафрат дорем

Migration Service by Migration Service
25.07.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм вабои ҷомеа аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар баробари зарфиятҳои мусбати технологияи муосир, ки дар ҷаҳони иттилоотӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ҳамчунин ҷанбаи манфии он низ боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Чунончӣ имрӯзҳо гурӯҳҳои зиёди ифротие мавҷуданд, ки тавассути сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шуури инсонҳо таъсир манфӣ расонида, одамонро ба шӯриш ба майдонҳои ҷангҳои муосир ва ҷалб намудан ба гурӯҳҳои ифротӣ талқин мекунанд.

Дар гузашта ин амалҳоро агар таъсири гурӯҳҳои махсус ва равияву мазҳабҳо анҷом медоданд, ҳоло бошад, ифротиён ин амалҳоро бо истифода аз имкониятҳои васеи технологияҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои интернетӣ, аниқтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ менамоянд, зеро тамоми маълумот дар бораи одамон дар саҳифаҳои интернетии худи онҳо дастрас мебошанд.

Хуллас, бо кӯмаки интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешаванд.

Террористону экстремистон дар интернет воситаҳои пардохти электронии маблағ ва дигар системаҳоро васеъ истифода мебаранд.

Воситаи асосӣ барои даъват, муроҷиат ва интиқоли навору дискҳои видеоӣ ва аудиои онҳо низ интернет мебошад.

Дар маводҳои мазкури интернетӣ иттилоот дар бораи амали террористӣ дар шароити мухталиф, дастурамал барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти тарканда ва шумораи зиёди видео дар бораи «қаҳрамониҳои» террористон ғунҷонида мешаванд.

Терроризм ва экстремизм дар интернет зуҳуроти динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайту ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст.
Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилоти террористию экстремистӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд.

Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад.

Бояд қайд кард, ки шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза ба воситаи ҷанги иттилоотӣ мубаддал гаштааст, ки аз ҷониби роҳбарону аъзои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилоти ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасавуроте надоранд.

Бинобар ин, фарзандонро бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва онҳо дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд.

Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад.

Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст.

Барои ҳамин, дар навбати аввал зан – модар, умуман волидайн худаш бояд таҳсил карда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд.

Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Хулоса, бар зидди ҳама гуна идеологияи зараровар на танҳо панду насиҳат, ё худ ибрози нияти нек, балки ҳатман ба воситаи идеологияи пурқудрат ва муқовиматкунанда мубориза бояд бурд.
Вазъияти баамаломадаи ҷаҳон талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии кишвар талош варзанд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Муқовимат бо терроризму экстремизм вазифаи ҳар як узви ҷомеа

Next Post

Мулоқоти судманд бо касбомӯзон дар шаҳри Панҷакент

Next Post
Мулоқоти судманд бо касбомӯзон дар шаҳри Панҷакент

Мулоқоти судманд бо касбомӯзон дар шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.