Кормандони масъули Раёстаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути парвоз ба шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар менамуданд, бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, дастурҳои муфид доданд.
Кормандони масъули Раёсат дар рафти суҳбат бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таваҷҷуҳи онҳо расониданд, ки Қонуни федералӣ аз 8 августи соли 2024, № 260-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия”, аз тарафи Президенти Федератсияи Россия имзо шудааст.
Аз ин лиҳоз, ба ҳозирин шарҳи мухтасари онро пешниҳод намуда, аз ҷумла, иброз намуданд, ки акунун будубош дар Федератсияи Россия дар давоми як соли тақвимӣ 90 рӯз муайян шуд (қаблан 90 рӯз дар давоми 6 моҳ имконпазир буд). Хотиррасон менамоем, ки соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад (банди 5 моддаи 2 Қонуни федералии № 107-ФЗ «Дар бораи ҳисоб кардани вақт» аз 3 июни соли 2011, шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадоранд, ки аз кирдорҳои ба Россия зараровар худдорӣ кунанд. Эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Россияро пос нигоҳ доранд.
Инчунин, ба муҳити зист, сарватҳои табиӣ, сарватҳои моддӣ ва фарҳангии Россия бо эҳтиром муносибат кунанд.
Муҳоҷирони муваққатӣ, метавонанд худро ба муҳлати дар огоҳинома зикргардида (на бештар аз 1 сол), ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд (муҳоҷирони муваққатӣ онҳое мебошанд, ки иҷозати истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозати истиқомати доимӣ (ВНЖ) ё иҷозатномаи паноҳандагӣ надоранд).
Хуруҷ аз Федератсияи Россия ба ватани худ, бо истифода аз шиносномаи муҳлаташ гузашта ё шиносномаи фарсуда имконпазир аст, ҳангоми гузаронидани санҷиши сарҳадӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолии вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, хоҳиш карда мешавад, ки талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати Россияро риоя намоянд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба хатарҳои муҳоҷират ибрози ақида намуда, таъкид намуданд, ки дар муҳоҷират бо ҳар гуна шахсони тасодуфу ношинос ҳамроҳ нашаванд, дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат ва шароити кориаш чӣ гуна аст.
Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаруза кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалӣ” ва “Истгоҳи роҳи оҳан” ташриф оварда, пеш аз сафар корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр намуда истодаанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон