Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ба шаҳрвандон, ки тавассути ҳавопаймо ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ парвоз мекарданд варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ огоҳонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз қонунгузории нави кишвари Россия буда, дар рафти он ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ варақаи иттилоотӣ: ”Қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия” дастрас гардид.
Аз ҷумла, дар варақаи иттилоотӣ омадааст, аз 1 январи соли 2025 Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабри соли 2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии категорияи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ” ба қувваи қонунӣ даромад.
Тибқи ин фармон, шаҳрвандони мо, ки ғайрирасмӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бояд ё қаламрави ФР-ро тарк намоянд ва ё мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардонанд.
Ин қонун ба кӣ тааллуқ дорад?
Ин қонун ба шаҳвандони хориҷие зерин дахл дорад.
1.Мувофиқи қонунгузорӣ бақайдгирии ҷойи зисти худро дар мақомоти муҳоҷиратӣ (регистратсия) амалӣ накардаанд;
2.Патент барои кор нагирифтаанд;
3.Андози моҳонаи патентро пардохт накардаанд;
4.ба руйхати шахсони таҳти назорат қарордошта шомил мебошанд.
Ин қонун ба кӣ тааллуқ надорад?
Ба шаҳрвандони зерини хориҷие, ки
1.Нисбати онҳо қарори суд оид ба ихроҷ аз Федератсияи Россия қабул шудааст;
2.Қарор дар бораи номатлуб будани будубоши онҳо дар ФР қабул шудааст;
3.Асосҳо барои рад кардан ё бекор кардани патент, иҷозат барои иқомати муваққатӣ (РВП), иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) ё раводид (виза) мавҷуданд.
Чӣ тавр бояд дархост пешниҳод кард?
Барои қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии худ шаҳрвандони хориҷӣ бояд:
1.Шахсан ба шуъбаи муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия – ба шуъбаи ВКД дар маҳалли зист ё кор муроҷиат намоянд;
2.Дархост барои қонунигардонӣ пешниҳод намоянд – бо пур кардани варақаи махсус;
3.Ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд, аз ҷумла:
– Шиносномаи хориҷӣ (бо тарҷумаи тасдиқшуда, агар лозим бошад),
– Корти муҳоҷиратӣ (агар мавҷуд бошад),
– Ҳуҷҷати бақайдгирии муваққатӣ (регистратсия – агар мавҷуд бошад),
– Патент (агар бошад) ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи асоси будубош дар ФР.
4. Пардохти боҷи давлатӣ ё дигар пардохтҳои заруриро анҷом диҳанд (агар қонун талаб кунад).
5. Ҷавоби расмиро интизор шаванд – баъд аз баррасии дархост, мақомот қарор қабул мекунад.
Барои маълумоти бештар ё санҷиши ҳуҷҷатҳои худ, шаҳрвандон метавонанд ба сомонаи расмии ВКД Россия ё марказҳои муҳоҷиратӣ муроҷиат намоянд.
Чӣ тавр бояд муроҷиат кард?
- Шахсоне, ки дар шаҳри Москва ва вилояти Москва иқомат доранд, метавонанд ба Муассисаи давлатии буҷетии “Маркази муҳоҷират (даромадгоҳи №2)” муроҷиат кунанд.
- Дар дигар минтақаҳо зарур аст, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномавию раводид” (ПВС) ё ба мақомоти ҳудудии ВКД муроҷиат кунанд.
Фурсати қонунӣ кардани мақоми худро аз даст надиҳед! Муҳлати охирин – 30 апрели соли 2025!
Муҳим”
Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳатман ишора кунед, ки шумо дар асоси фармони нав №1126 муроҷиат мекунед. Кормандони мақомоти марбута аллакай аз ин қонун огоҳ ҳастанд. Ҳангоми пешниҳод накардани маълумоти мазкур, дархости шумо тариқи стандартӣ баррасӣ мегардад ва дар ниҳояти кор эҳтимолияти рад гардидани патенти шумо шуда метавонад.
Тартиби пешниҳоди дархост
- Гузаштани ташхиси тиббӣ;
- Ташхиси ВНМО, бемориҳои сироятӣ, истеъмоли маводи мухаддир;
- Пешниҳод кардани изи ангушт ва акси шахсӣ.
- Гирифтани шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия (дар ҳолати зарурӣ).
- Имконияти таъйини ҷарима (бе қабул кардани қарор дар бораи манъи вуруд).
- Пас аз анҷом додани ҳамаи марҳилаҳо шаҳодатнома дода мешавад, ки бо он метавон ба намояндагии ВКД барои бақайдгирии муҳоҷиратӣ муроҷиат кард.
- Ҳангоми пешниҳоди дархост, бояд тамоми андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро пардохт кард.
Чораҳои иловагӣ ва имтиёзҳо
- Додани дубликатҳои кортҳои муҳоҷиратӣ дар сурати набудани онҳо;
- Бекор кардани қарорҳо дар бораи манъи вуруд, агар манъи вуруд пеш аз 5 феврали соли 2025 қабул шуда бошад;
- Имконияти қонунгардонии фаъолияти меҳнатӣ бидуни баромадан аз Федератсияи Россия.
Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талабот:
- Шомил кардан ба руйхати шахсони таҳти назорат қарордошта;
- Маҳдудияти ҳуқуқ ва озодиҳо мутобиқ ба Қонуни Федералӣ №115-ФЗ;
- Ҷаримаҳо ва ҷавобгарии маъмурӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва корфармоён.
Аз куҷо метавон маълумоти иловагӣ гирифт:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Суроға:123001,ш. Москва, кӯчаи Гранатный,13
Телефон: 8(495) 690-41-86;
Факс: +7 (495) 691-89-89;
E-mail: tajembmoscow@mfa.tj, Вебсайт: tajembassy.ru
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Телефон:7(495) 967-98-44, WhatsApp: +7(999) 912-58-68
СФО, ш. Новосибирск, +7 (929) 388-54-11
E-mail: bahrom.ysyfaliev1972@mail.ru
ПФО, ш. Уфа, +7 (926) 311-52-53
E-mail: zafarmuhojirat@mail,ru
СФО, ш. Санкт-Петербург, +7 (977) 963-25-69
Email:jonmahmadovfuruzon@gmail.com
ЮФО, ш. Краснодар, +7 (901) 344-77-77
E-mail: hursedm129@gmail.com
Мақомоти ҳудудии ВКД – барои ҳамаи минтақаҳо.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121
Телефон/факс: +992-225-07-19, 225-05-91, 225-05-81
Email: info@migra
Агар дар раванди тартиб додани ҳуҷҷатҳо саволҳои баҳснок аз ҷониби кормандони ВКД ФР ба миён ояд, шумо метавонед ба ҳуҷҷати СЭД №1/802 аз 28.01.2025 такя намоед.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират