Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 бо иштироки гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фархор ва Темурмалик бо сокинон, фаъолон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияҳои мазкур вобаста шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшу мақом ва муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирӣ аз фарҳанги бегона, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ суҳбат доир гардид.
Қайд гардид, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад, иброз намуданд баромадкунандагон.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки он фарогирандаи масъалаҳои мубрами мамлакат ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар идомаи вохӯрӣ, бобати торафт муташаниҷ гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз ва бештар доман паҳн намудани зуҳуроту падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм ва хурофоту ифротгароӣ дар миқёси сайёра, ибрози назар гарид.
Намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, дар рафти суҳбат ба сокинони ноҳияҳои мазкур, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд кард, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар фарҷоми вохӯриҳо дигар иштирокдорон низ суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳамсафони мост.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон