• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

БАИМЗОРАСОНИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ ШУҒЛ ВА МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ОИД БА ФИРИСТОДАН ВА ҚАБУЛИ КОРМАНДОН ТАВАССУТИ НИЗОМИ ИҶОЗАТИ КОР

Migration Service by Migration Service
31.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
БАИМЗОРАСОНИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ ШУҒЛ ВА МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ОИД БА ФИРИСТОДАН ВА ҚАБУЛИ КОРМАНДОН ТАВАССУТИ НИЗОМИ ИҶОЗАТИ КОР
315
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

31 октябри соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор тибқи тартиби корӣ ба имзо расид.

Мақсади Ёддошти тафоҳуми мазкур таъмини пойдории заминаи ҳамкорӣ байни Тарафҳо ва баланд бардоштани шаффофият ва самаранокӣ дар раванди фиристодани кормандон ба Ҷумҳурии Корея бо муайян намудани муқаррарот оид ба фиристодан ва қабули коргарон тавассути низоми иҷозати кор (EPS) мутобиқи Қонун дар бораи шуғли коргарони хориҷӣ ва дигар санадҳои Корея мебошад.

Ёддошти тафоҳуми мазкур бо дарназардошти манфиатҳои миллии тарафайн омода гардида, ба таҳким ва рушди босуботи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, омода намудани неруи корӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои коргарони хориҷӣ, пешгирӣ ва будубоши ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҳар ду кишвар равона шуда, ба раванди гуногунсамтии (диверсификатсия) муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Мавриди амал қарор гирифтани ин Ёддошти тафоҳум ба паст кардани шиддати бекорӣ, пайдо намудани бозорҳои нави меҳнатӣ, пешгирӣ ва ихтисор кардани иқомати ғайриқонунии коргарон имкон медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олӣ, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳавӣ ва ташрифҳои пай дар пайи ҳайати Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷвияти ҳамкориҳои муштарак 29 декабри соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари 17-ум ба низоми EPS-и Кумитаи сиёсати хориҷии меҳнатии Ҷумҳурии Корея интихоб гардид.

Дар робита ба ин, бо мусоидати сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ва ҳамкории муштарак бо ниҳодҳои дахлдори тарафҳо Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор таҳия ва мувофиқа гардид, ки имрӯз тибқи тартиби корӣ ба имзо расид.

Дар назар аст, ки тарафҳо талаботи хизматрасониҳои дахлдорро барои қабул ва рушди чунин ҳамкорӣ, инчунин омӯзиши забон ва касб, интиқол ва ҷалби неруи корӣ байни кишварҳоро дар доираи қонун, қоида ва қонунгузории мавҷудаи ҳар ду давлат ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдори байналмилалӣ сода менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз талаботҳои асосии корфармоёни Ҷумҳурии Корея ин донистани забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ мебошад. Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст.

Шаҳрвандони хоҳишманди кор дар Корея метавонанд тавассути муроҷиат ба МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, инчунин 3 Маркази муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, ноҳияи Восеъ ва 2 Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара ба курсҳои омӯзиши забони кореягӣ ҷалб гарданд.

Дар Ёддошти тафоҳум механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Ҷумҳурии Корея ба инобат гирифта, муқаррароти он пурра ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, оқибатҳои манфӣ надоранд.

Интизор меравад, ки шуруъ аз оғози соли 2025 интиқоли қувваи корӣ ба Корея дар заминаи Ёддошти мазкур сурат мегирад.

Подписание Меморандума о взаимопонимании между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Министерством труда и занятости Республики Корея по отправлению и приему работников через Систему разрешений на работу

31 октября 2024 года подписан Меморандум о взаимопонимании между Министерством труда, миграции и занятости Республики Таджикистан и Министерством труда и занятости Республики Корея по отправлению и приему работников через Систему разрешений на работу в соответствии с регламентом.

Целью настоящего Меморандума о взаимопонимании является обеспечение стабильности основы сотрудничества между Сторонами и повышение прозрачности и эффективности процесса отправки работников в Республику Корея путем определения положений по отправке и приему работников посредством Системы разрешения на работу (EPS) в соответствии с Законом о трудоустройстве иностранных работников и другими правовыми документами Кореи.

Настоящий Меморандум о взаимопонимании подготовлен с учетом взаимных национальных интересов, в целях укрепления и развития стабильных отношений сотрудничества в сфере труда, миграции и занятости, подготовки рабочей силы, защиты прав и интересов иностранных работников, предотвращения и противодействия незаконному пребыванию трудовых мигрантов в соответствии с действующим законодательством обеих стран и способствует процессу диверсификации трудовой миграции и организованного набора граждан Республики Таджикистан.

Реализация данного Меморандума о взаимопонимании позволит снизить безработицу, найти новые рынки труда, предотвратить и сократить нелегальное пребывание работников.

Стоит отметить, что в результате переговоров на высоком уровне, двусторонних отраслевых встреч и визитов корейской делегации в Республику Таджикистан процесс совместного сотрудничества вышел на качественно новой уровень, и 29 декабря 2023 года Республика Таджикистан была избрана 17-ой страной в систему EPS Комитета по внешней трудовой политике Республики Корея.

В связи с этим, при содействии посольств обеих стран и совместном сотрудничестве с соответствующими учреждениями сторон, подписан «Меморандум о взаимопонимании между Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и Министерством занятости и труда Республики Корея по отправке и приему работников через Систему разрешений на работу».

Ожидается, что стороны упростят требования к соответствующим службам по принятию и развитию такого сотрудничества, а также языковой и профессиональной подготовки, перевода и найма рабочей силы между странами в рамках действующих законов, правил и законодательства обеих стран и других соответствующих международных правовых документов.

Следует отметить, что одним из основных требований работодателей в Республике Корея является знание корейского языка и профессиональные навыки. Учитывая данные требования, министерство организовало изучение корейского языка, профессий и специальностей, востребованных корейским рынком труда, на базе государственных учреждений и государственных предприятий системы министерства. Граждане, желающие работать в Корее, могут подать заявку на курсы обучения корейскому языку, обратившись в ГУ “Центр образования взрослых Таджикистана», ГУ «Центры консультирования и довыездной подготовки трудовых мигрантов», департаменты Миграционной службы, а также 3 современных центров обслуживания мигрантов в городах Бохтар, Худжанд и Восейском районе и 2 центра развития профессиональных навыков в городе Рогун и Дангаринском районе.

Меморандум о взаимопонимании учитывает механизм защиты прав, интересов и свобод таджикских трудовых мигрантов в Республике Корея, а его положения полностью направлены на благо граждан Республики Таджикистан и не имеют негативных последствий.

Ожидается, что начиная с 2025 года отправление рабочей силы в Корею будет происходить на основе данного Меморандума.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Башаҳрвандон дастурҳои муфид дода шуд

Next Post

МД “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро барои кор дар Ҷумҳурии Черногория (Монтенегро) барои соли 2025 даъват менамояд.

Next Post

МД "Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ" дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро барои кор дар Ҷумҳурии Черногория (Монтенегро) барои соли 2025 даъват менамояд.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.