Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯз маҳсуб ёфтааст.
Ва тавре ба назар мерасад, таҳти таъсири омилҳои мухталиф имкон дорад, ки густариш ёбад дар байни ҷавонону наврасон.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки беш аз пеш ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш ва кӯтоҳназар ба ҷониби гурӯҳҳои тундгаро майл менамоянд.
Бо мақсади шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ҳамзамон ҷиҳати дастаҷамъона мубориза бурдан зидди аъмоли зишту вабои аср дар Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуда, ки муқаррароти он дар кишвар мавриди амал қарор дорад.
Дар ростои амалӣ кардани нақшаи мазкур, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирандешӣ карда мешавад.
Муқаррароти Стратегияи мазкур дар ҳамаи корхонаву идораҳо ҷиҳати иҷро ба роҳбарӣ гирифта шуда, баҳри амалӣ кардани талаботи он бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда чорабиниҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
Ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳо ва чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби олимону муҳаққиқон, ходимони дини кишвар ва мақомоти давлатии масъул ҷиҳати пешгирии экстремизму терроризм, доимо мавриди назар қарор дода шудааст.
Дар сомонаҳои иҷтимоӣ доир ба масъалаҳои тундгароӣ ва экстремизм маводи иттилоотӣ ва тарғиботиву омӯзишӣ ба нашр мерасанд.
Дар ин росто тадбирҳои чорасоз доир ба бартараф намудани оқибатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон, масъалаҳои инкишофи маънавию ҷисмонӣ, тарбия ва таҳсили кудакон аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба кумаки равоншиносию иҷтимои фаро гирифтани онҳо низ аз ҳар ҷиҳат судманд буда метавонад.
Гузашта аз ин дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳи ва ватандустӣ дар ҷомеа бояд пайваста чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ доир карда шаванд.
Гузашта аз ин, бояд мунтазам дар байни ҷавонону наврасон вохӯриҳо ташкил карда ба ин васила бо пешниҳоди орову андешаи маърифатӣ диққати асоси ба он равона карда шавад, ки ҷавонону наврасон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар андешаи худ ба ҷуз меҳри Ватан ва садоқат ба Ватан дигар чизеро ҷой надиҳанд ва ватандӯст, худшиносу худогоҳ бошанду арҷ гузоранд ба муқаддасоти кишвар ва эҳтиром оваранд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва бо амри дилу амри виҷдон бо дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва бунёдгаронаи давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти роҳбари ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон амалӣ мегарданд, саҳми арзандаи хешро бояд гузошт.
Ва ба таъкид бояд афзуд, ки дар ин ҷода нақши волидон ба тарбияву таълими хонаводагӣ дар мақоми аввал меистад.
Аз ин рӯ, имрӯз замоне фаро расида аст, ки бояд ҷавонону наврасон зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон якҷону яктан муттаҳид шуда, баҳри оромӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа талош варзида дар коҳиш додани шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастаҷамъона саъю талош кунанд.
Ҳамзамон бояд ҳамагон мусоидат намоянд, ки ҷавонону наврасон вақтҳои холигии худро беҳуда нагузаронида, аз пайи омӯзиш бошанд ва дар замири худ андешаеро парваранд, ки бояд ба Модар-Ватан содиқона хизмат кунанд ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунанд, далер боматонат, шуҷоъ ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.
Ғайбуллоев Б.,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ