Санаи 23 майи соли равон мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳоиХадамоти муҳоҷират ва Маркази саломатии №3 пойтахт бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо иштирок ва суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати кишвар буда, машғулият ба он ҷиҳати инкишофи ҷисмонии наслҳо мусоидат менамояд ва насли солим миллати солимро ба вуҷуд меоварад.
Дар идома, сабқати варзишӣ миёни дастаҳо аз рӯи намуди футболи хурд баргузор гардида, аз рӯи натиҷаи бозии футболи хурд ғолибони ҷойҳои якум ва дуюм муайян гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа дастаи ғолиб бо “Ҷом” ва медал қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд тазаккур, дод, ки 22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси таъкид аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки 25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамсон мебошанд.
Ҳамзамон ҳамкории босамари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), аз ҷумла дар самти татбиқи барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушду маъмулгардонии футбол назаррас арзёбӣ гардид.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират