Вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, савдои одамон, доир ба хатарҳои бемориҳои сироятӣ ва тағйиру иловаҳои нав ба Қонунҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар назди маркази савдои “Роҳи Абрешим” – и шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд бо шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуданд.
Вохӯриро бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандон сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Абдуллоев И., кушода аъзоёни гурӯҳи кориро бо иштирокчиён шинос намуд.
Саравал сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайриддинзода И., ҷиҳати омодагиҳо ва дар рӯҳияи баланди сиёсию ватанпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҷашн гирифтани маъракаҳои сиёсии дар пешистода, аз қабили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии солгарди қабули Конститутсия, эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дода, бо ҳозирин вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ҷинояткорӣ, шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ҳолатҳои савдои одамон, хатарҳои сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гуфтугӯи озод баргузор намуд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Хатлон дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи ҷашнҳои дар пешистода иқдомҳои ободонию созандагиро роҳандозӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодаанд.
Ҳамарӯза иншоотҳои нави сохтмонию саноатӣ ва маишӣ ба истифода дода шуда, дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ афзоиш ёфта истодааст.
Аз моҳи июли соли равон зиёд гардидани музди маоши кормандон ва индексатсия шудани нафақапулии нафақахӯрон барои беҳтар гардидани шароити иқтисодӣ ва маишию иҷтимоии мардум имконияти бештар дод.
Вобаста ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иброз гардид, ки мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки яке аз шартҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ба шумор меравад.
Моҳияти эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»-ро бояд чунин фаҳмид, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бо фаъолнокии худ барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор буда метавонад.
Ҳамчунин огоҳии мардум хоса ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ боиси зиракии сиёсии онҳо шуда, дар натиҷа амнияти кишвар мустаҳкамтар гашта, қувваҳои беруна аз қабили гурӯҳҳои тундрави ифротӣ онҳоро истифода бурда наметавонанд.
Хулоса огоҳии бештари ҳуқуқӣ доштан тадбири бениҳоят муҳими пешгирӣ аз ҳар фоҷеа мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба пешгирии сарзадани ҷинояткориҳо, шомилшавии ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои равияи тундгароӣ дошта, одамрабоӣ, хатарҳои сироятёбии муҳоҷирон дар раванди муҳоҷират аз бемориҳо ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ маълумотҳои муфассал дода шуда, қайд гардид, ки дар хориҷи кишвар бояд пеш аз ҳама забон ва урфу одати давлати қарордоштаро донистан ва қонунҳои амалкунандаи онро риоя кардан зарур аст.
Дар вазъияти кунунӣ бисёр созмонҳо ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ амал мекунанд, ки вазифаи онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои телефонӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии аз ватан дур ва ҷавонон мебошад, ки оқибати ҳар фарди ба дом афтода аз озодӣ ва пайвандону наздикон маҳрум шудан мебошад.
Бинобар ин ба паёмакҳои ношиноси телефонӣ ва даъватҳои беасос ҷавоб додан лозим нест.
Дастур дода шуд, ки дар сурати ба доми чунон гурӯҳҳо афтодан пеш аз ҳама ба Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ва ба мақомотҳои қудратии давлати қарордошта муроҷиат намоед.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ забони давлати қабулкунандаро бо таври муошират бояд донад, касб ва ихтисоси худро дошта бошад ва қонунҳои амалкунандаи будубоши муҳоҷиратро риоя намояд.
Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки тибқи шартномаҳои баимзорасонидаи байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Япония ва Корея аз соли 2025 муҳоҷирони меҳнатии мо метавонанд ба кор сафарбар карда шаванд, аммо дар сурате, ки забони давлати қабулкунандаро омӯзанд ва ҳуҷҷати расмӣ гиранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён оиди вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар миқёси шаҳру вилоят, иншоотҳои азими ҷумҳуриявӣ, аз қабили ширкатҳои сохтмонии “НБО Роғун” ва дигар шаҳрҳои аҳамияти байналмилалидошта бо шароити корӣ ва музди маоши арзанда дар онҳо маълумоти мушаххас дода шуда, ҷиҳати маълумот ба онҳо буклетҳои роҳнамои тақсим карда шуд.
Чунин як вохӯрии судманд бо корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта дар назди «Бозори мардикор»-и шаҳри Кӯлоб низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон