• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Бо талошҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар – ба сӯйи рушди босубот

Migration Service by Migration Service
23.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Бо талошҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар – ба сӯйи рушди босубот
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷодаи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Пешвои миллат, бо пайгирии сиёсати хирадмандона ва стратегияи миллии рушд, Тоҷикистонро аз марҳалаи баъдиҷангии ноустувор ба як кишвари орому осуда, пешрафта ва соҳибэътибор табдил дода истодаанд.

Сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Бо талошҳои пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар ва дастгирии мардуми заҳматкашу ватандӯст, имрӯз Тоҷикистон ба як давлати дорои назму низоми устувор ва боэътимод табдил ёфтааст. Яке аз муҳимтарин ва бузургтарин дастовардҳои мардуми тоҷик — ба даст овардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ мебошад. Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, кишвари мо роҳи нав ва пурифтихори давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеаро оғоз намуд. Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва муттаҳид сохтани тамоми қишрҳои ҷомеа нақши таърихӣ ва беназир доштанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, марҳала ба марҳала, дар тамоми гӯшаву канори кишвар корхонаҳои истеҳсолӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои автомобилгард, пулҳо, мактабҳо ва муассисаҳои тандурустии муосир бунёд гардиданд. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз се ҳадафи стратегии миллӣ маҳсуб мешаванд, ки таҳти роҳнамоии Пешвои миллат бо ҷиддият амалӣ шуда истодаанд. Пешвои миллат кӯшиш мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ҷавонон, зиндагии хуб дошта бошанд. Он кас ҳамеша дар бораи сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ сухан мегӯянд. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ мо имрӯз метавонем дар мактаб таҳсил кунем, оромона зиндагӣ кунем ва ба оянда бо боварӣ нигоҳ кунем. Сиёсати Пешвои миллат на танҳо ба рушду пешрафти иқтисодиёт, балки ба тарбияи ҷавонони ватандӯст, соҳибмаърифат ва фаъол равона шудааст.

Имрӯз ҷавонон метавонанд дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷ таҳсил кунанд, забон омӯзанд ва барои ободии Ватан саҳмгузор бошанд. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Пешвои миллат, дастгирии ҷавонон ва таълиму тарбияи онҳо ҳамчун насли ояндасоз мебошад. Бо эълон гардидани “Солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат” ва қаблан “Соли ҷавонон” эътироф шудани соли 2017, масъулият ва нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар боз ҳам бештар гардид.

Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун қувваи бузурги зеҳнӣ ва меҳнатӣ, дар пешбурди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ саҳми муассир доранд. Дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон мавқеи худро таҳким бахшида, бо кишварҳои зиёди дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба судманд ба роҳ мондааст. Иқдомҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалӣ, махсусан дар мавриди ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ибрат пазируфта шудаанд. Бо татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ рушд намуда, барои таҳкими заминаҳои иқтисоди бозорӣ ва ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Мо, фарзандони содиқи ин сарзамини бостонӣ, бояд шукрона аз ин ҳама пешрафт ва дастовардҳо намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо  гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон талош намоем.

Ҷалилов Фирдавс,

Мутахассиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Қотеъона терроризмро маҳкум менамоем

Next Post

Вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Next Post
Вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.