Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ҳамрӯза идома дорад.
Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Чунин як вохӯрии судманд, бо иштироки бевоситаи муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир бо як зумра шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути парвоз ба кишвари Федератсияи Россия равона буданд, баргузор гадид.
Дар рафти суҳбат масъулини Хадамоти муҳоҷират оид ба масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Боя тазаккур дод, ки мақсади асосии фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар минтақаҳо ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза ҳам дар Фурудгоҳҳо, Истгоҳи роҳи оҳан ва Нақлиёти мусофирбар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират