Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳамарӯза идома дорад.
Мақсади асосӣ, ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва ферефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Боя тазаккур дод, ки мақсади асосии фаъолияти гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза ҳам дар Фурудгоҳ ва Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе