Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳр вохӯрии судмандро бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд.
Зимни мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар мавзуъҳои, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба савдои одамон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарогирии аҳолӣ бо касбомӯзӣ ва шуғли пурмасъул ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мунтазам тағйирёбии вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва амнияти Сайёра дар роҳи пешрафти босуботи иқтисодӣ ва ба ҳадафҳои стратегӣ расидан, таъмин намудани зиндагии шоиста ва бомароми аҳолии мамлакат қадамҳои устувор гузоштааст.
Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини экстремистию – террористӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилоташон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунанд.
Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланд пешниҳод намудани шахсони шубҳанок, ки онҳоро намешиносанд бовар накунанд ва донанд, ки шахсони бегона метавонанд ба онҳо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию – террористӣ ҷалб намоянд.
Инчунин, ҷавононро бахусус муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масчидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯянд.
Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки падару модаронро зарур аст, ки одобу ахлоқи фарзандонашонро дар мадди аввал гузоранд.
Нисбат ба гуфтору мумомилаву рафтори фарзандонашон натанҳо дар хона, балки дар кӯчаву мактаб ва донишгоҳ бетафовут набошанд.
Фаромӯш набояд кард, ки танҳо фарзанди боодоб ба падару модараш раҳмату офарин меорад.
Як нуқтаи дигарро қайд намуд, ки албатта, тақлид карда, аз касе чизи хуб ва ё кори манфиатоваре омӯхтан хуб аст.
Вале афсӯс, ки баъзе аз ҷавонону наврасони имрӯзаи мо тақлид ба одобу рафтор ва либоспӯшии мамолики Ғарб намудаанд.
Ба фарҳанге, ки риштаи шарқиёнаи хислатамонро ноаён бар меканад.
Дар хатми вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ – истиқоматкунандагони шахру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои гирифтани маълумотҳои дақиқ пеш аз сафар барои кор ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда ба бахшу шубаҳои Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд ва ҷавобҳои дилхоҳи худро гиранд.
Зарипов Раҳматулло,
мутахассиси пешбар бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтар