Ҷавонӣ даврони тиллоии умри инсон аст ва бояд ҳар як дақиқаи он самарнок истифода шавад.
Андӯхтани ахлоқу маърифат, илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар дар ҷавонӣ натиҷабахшу самаровар мебошад.
Ба қишри ояндасози ҷомеа нисбат додани ҷавонон андешаи бофтаву бепоя нест ва ин ҳикмат бар мабнои маърифату хирад эҷод шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат нисбат ба масъалаи ҷавонон, бахусус дар самти мактабу маориф, касбу ҳунаромӯзӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои ин қишри ояндасози ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Чунин ғамхорӣ дар зеҳну дили ҷавонон эҳсоси худшиносиву худогоҳиро ба маротиб тақвият бахшида, водор менамояд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Пойдории амният ва сулҳу суботи кишвар беш аз ҳама ба ҷавонони бонангу ватандӯст ва хештаншиносу ҷасур вобастагӣ дорад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи ҷавононе, ки бо илму дониш ва ахлоқу маърифат мусаллаҳ ҳастанд, кам нест, аммо дар замони рушди илму техника ва вусъат пайдо намудани раванди ҷаҳонишавӣ, ба таври бояду шояд ба ин омор иктифо кардан дар ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест.
Волидайнро зарур аст, ки дар мавриди таҳсилу тарбияи фарзандон аз кӯдакӣ аҳаммият диҳанд, зеро:
Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
К-аз камоли тарбият одам шавад.
Бо тақозои ниёзҳои зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷавонони аксар давлатҳо, аз ҷумла ҷавонони кишвари мо роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.
Мутаассифона, истисмори муҳоҷирон ва нақзи ҳуқуқҳои онон солҳои охир доғи рӯз гардидааст.
Бархе аз кишварҳо дар ҳимояи шаҳрвандони худ, ки дар муҳоҷират ҳастанд, чандон аҳаммият намедиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сокинони кишвар дар дохил ва хориҷ ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Зимни ҳар як сафар ба кишварҳои дигар бо сокинони Ватани маҳбубамон, ки барои кор ё таҳсил рафтаанд, вохӯрӣ доир мекунанд.
Дар нишасту ҷаласаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон андешаҳои созанда баён медоранд.
Як зумра ҷавонон дар муҳоҷират касбу ҳунар меомӯзанду бо меҳнати ҳалол ба рӯзу рӯзгорашон сафо мебахшанд.
Ин ҷавонон дар ҳама ҳолату вазъият шарафи миллатро дар арсаи олам ҳимоятгаранд.
Лекин мутаассифона, бархеи дигар аз роҳи ҳавою ҳавас ва андешаи муфт соҳиби молу сарват шудан ба муҳоҷират мераванд.
Чунин тоифа бо иллати надонистани маърифати муошират, надоштани касбу ҳунар, паст будани сатҳи забондонӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои хеш ва беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳангу ойини сокинони кишваре, ки дар он ҷо муҳоҷир ҳастанд, муваффақ намешаванд ва ин омилҳо ба буду бошашон хатар эҷод мекунад.
Дар аксар низоъу муноқишае, ки дар байни муҳоҷирон сар мезанад, ҷавонони ноогоҳ даст доранд ва албатта таассуфбарангез аст.
Муҳоҷират дар зиндагӣ падидаи нав нест ва он ҳамчун сабаби пайдо намудани ризқу рӯзӣ аз замони нахустин сохти давлатдорӣ арзи вуҷуд кардааст.
Он василаест, ки ба вусъати тафаккур, рушди илму дониш, омезиши фарҳангҳо ва устувор гардидани соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ҳатман таъсир мерасонад.
Дар олам кишваре нест, ки бо муҳоҷират кор нагирад, яъне муҳоҷират як ҷузъи муҳимми тамаддуни башарият гардида, барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани фарҳангу ойин ва чеҳраи маънавии ҳар қавму миллат нақш мегузорад.
Бино бар далели сарчашмаҳои хаттии адабиву таърихӣ фарзандони барӯманди миллати тоҷик Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳоҷиҳусайни Кангуртӣ ва боз чандин аламбардорони кохи назми тоҷику форс пас аз мусофират ва муҳоҷират асарҳои оламшукӯҳе офаридаанд, ки дар ганҷинаи маънавии башарият ҷойгоҳи хос доранд.
Фарзанди барӯманди миллати тоҷик Халифа Ҳасан дар асри XVII дар Рашти бостон чашм ба олам кушодааст. 163 сол зиндагӣ карда, аз нисф зиёди умрашро дар мусофират ва муҳоҷират гузаронидааст.
Ин фарзонамарди тоҷик пас аз андӯхтани илму дониш ба Ватан бармегардад ва ба корҳои созандагӣ иқдом менамояд.
Бо раҳнамоии ӯ аввал дар зодгоҳаш, сипас дар шаҳрҳои бузурги тоҷикон Самарқанд, Бухоро, Конибодом ва Панҷакент ҷӯю каналҳо канда мешаванд.
Канали маъруфи “90 корез”, ки имрӯз низ дар шаҳри Панҷакент мавриди истифодаи сокинон қарор дорад, натиҷаи заҳмати Халифа Ҳасан мебошад ва ӯ маърифати обшор намудани заминҳои лалмиро ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштан омӯхтааст.
Дар илми тиб, ҳандаса, риёзӣ, ҷуғрофия ва фиқҳ мумтоз гардидани Халифа Ҳасан дар ҷараёни мусофират ба ӯ муяссар мешавад.
Як идда сиёсатмадорон, олимон, шоирон, сарояндагон ва дигар нухбагони сатҳи ҷаҳонӣ маҳз дар муҳоҷират шинохта шудаву дар тамаддуни башарият мавқеи шоиста пайдо кардаанд.
Дар асри XXI муҳоҷират бо таъсири рушди бемайлони илму техника бо шаклу шеваи нисбатан нав идома ёфта истодааст ва рисолати муҳоҷир сол аз сол мураккабтар мегардад.
Авзои имрӯзаи ҷаҳон, ки хеле нигаронкунанда аст, тақозо менамояд, то муҳоҷир ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва мутобиқ шудан ба талаботи маънавии зиндагии мардуме, ки муқими ҳамон кишвар ҳастанд, аҳаммият диҳад, аммо дар ҳеҷ ваҷҳ набояд маниши миллӣ, ҳифзи асолати фарҳанги бостонӣ, ойинҳои инсонсоз, маърифати хештаншиносӣ ва аз ҳама муҳим асолати забони давлатиро фаромӯш кунад.
Бузургтарин бохти ҳар миллат шикасти ахлоқи ҷавонон аст, аз ин рӯ бояд ба ин қишри ҷомеа аҳаммияти махсус дод, то сафедро аз сиёҳ фарқ намоянд ва хубу бадро имтиёз дода тавонанд.
Ҷавонон маъмултарин қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва таъсисдиҳандагони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсиву ифротии динӣ ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ бештар ба ҷавонон такя мекунанд.
Асосан мағзшӯии ҷавонон аз ҷониби намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ дар муҳоҷират сурат мегирад.
Ҷавонон, – навиштааст муҳаққиқи тоҷик Н.Н. Шаъбонов, – ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ барои ҳукумат метавонанд қувваи ҳимоягар, таҳрикдиҳанда ва ё муқовиматкунанда аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода гарданд.
Равшан аст, ки дар оғози замони соҳибистиқлолии кишвар роҳбарияти ТЭТ ҲНИ чӣ гуна ҷавононро ба доми макру фиреб андохтанд ва ин амали хоинони миллат равған дар оташи низоъ гардиду дар натиҷа 100-ҳо ҳазор нафар сокинон ҷони худро аз даст доданд.
Дар он айём ТЭТ ҲНИ паҳнкунандаи исломи радикал гардид ва аксар ҷавононе, ки гумроҳ шуданд, зери таъсири ғояҳои нопоки ҳамин гурӯҳ монданд ва маҳз ин омил боис гардид, ки барои “наҷоти ислом” дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок кунанд.
Гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионӣ, балки ба рӯзгори ободу осудаи ҳар яки мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо бевосита таҳдид мекунанд.
Чунин гурӯҳҳо дар кишварҳои дигар молу мулки мардумро ғорат карда, зану фарзандонашонро ғулом намуда, инсонро ба фурӯш мегузоранд. Чунин амали зишт дар асри 21, ки дар ҷаҳон илм бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, нафратангез аст ва далел аз ҷаҳолатхоҳии террористон мебошад.
Гурӯҳҳои тундгаро бошанд барои ба куллӣ тағйир додани арзишҳои ҷомеа, ниҳодҳо ва низоми мавҷудаи иҷтимоӣ-сиёсӣ бо ҳар роҳу васила талош мекунанд.
Силоҳи тундгароҳо, яъне радикалҳо низ дин аст ва онҳо бо нодуруст тафсир кардани оятҳо мардумро ба гумроҳӣ мекашанд.
Пешвои муаззами миллат 15-уми ноябри соли 2002 ба ифтихори 10-солагии Иҷлосияи тақдирсоз вобаста ба ҷанги таҳимилӣ, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ дар кишвари сар зад, гуфта буданд:
“Душманони пасипардагии миллати тоҷик бо мадади коргардонҳои дохилию хориҷӣ ва гумоштаҳои зархариди хеш ҷавонони бетаҷрибаю гирифтори эҳсосотро ба майдон кашида, дар байнашон низою ихтилоф меангехтанд.
Таъқиби одамон аз нигоҳи милливу мазҳабӣ ва маҳаллӣ авҷ мегирифт, гирдиҳамоиҳои пайдарпай ва кашмакашҳои доҳилӣ дастгоҳи идораи давлатиро аз боло то поён, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ҷамъиятиро торафт фалаҷ менамуданд.
Қонуншиканӣ меъёри муқаррарӣ гардида, зӯроварӣ, ҷазодиҳии худсарона ва террори сиёсиву мазҳабӣ авҷ гирифта буд.”
Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳ барқарор шуд ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид.
Имзо шудани санади истиқрори сулҳ барои як кишвари навбунёд, аммо ба гирдоби ҷанг афтода дастоварди бузург ба ҳисоб мерафт.
Аз соли 1945 инҷониб намояндагони СММ дар беш аз 70 амалиёти сулҳофаринии давлатҳо иштирок кардаанд.
Аз ин шумора танҳо 6-тои он натиҷа додааст.
Яке аз ин амалиёт таҷрибаи сулҳофарии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар ибтидо саркардагони ҷанги таҳмилӣ, ки аъзои ТЭТ ҲНИ буданд, аз имзо шудани созишномаи Ваҳдати миллӣ худро хурсанд ва розӣ вонамуд мекарданд, вале дар асл чунин набуд.
Онҳо гургҳое буданд, ки бо либоси меш мегаштанд ва кӯшиши расидан ба ҳадафҳои нопокро доштанд.
Ободиву шукуфоии мамлакат ба аъзои ТЭТ ҲНИ писанд намеомад ва дар асоси сенарияҳои ифротгароёна чанд маротиба дар ҳудуди кишвар низоъ сар зад, аммо ҳар навбат тири нопоки тарафдорону роҳбарони ин ташкилоти террористӣ хок мехӯрд.
Беҳуда халқ нагуфтааст, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.
Шуруъ аз охири асри гузашта гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ исломро шиори худ қарор дода, ба куштору ғорат даст заданд ва бо чунин амали манфур онҳо дини исломро сиёҳ кардаву фарди мусулмонро дар чашми пайравони дигар дину ойин зишт нишон доданд.
Ҳоло дар кишварҳои бузург андешаи “Ислом-душмани тамаддуну фарҳанг” роиҷ гардида, ки аз бунёд ғалат аст.
Дини ислом манбаи покизагиву маънавию ахлоқӣ ва сарчашмаи адолату якдилӣ мебошад.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки террористону экстремистҳо миллат надоранд.
Дар мафкураи ифротгароён тавассути тарғиби исломи радикал ҷаҳолату куштор шакл гирифтааст.
Ҳанӯз соли 2004 бо дарназардошти бетарафии кишварҳои пешрафта нисбат ба хатари ҷаҳонӣ доштани терроризму экстремизм ва беҳуда сиёҳ кардани дини ислом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд:
“…Ислом бо терроризму экстремизм ягон робита надорад ва баръакс чунин зуҳуроти номатлуб ва хатарнокро маҳкум менамояд, вале ҳамоно кӯшишҳои ба рақиби идеологии ҷаҳонӣ табдил додани ислом ва мардуми мусулмон идома доранд.”
Гурӯҳи террористии “Алқойида” бо пуштибонии кишварҳое созмон дода шуд, ки оқибат балои сарашон гардид.
Ҳоло як шохаи ҳамин гурӯҳ бо номи “Давлати исломӣ” аст, ки ҳамеша халал ба оромии ҷаҳон мерасонаду ба зиндагии шоистаи башарият хатар эҷод мекунад.
Боиси таассуф аст, ки нерӯи асосии гурӯҳи даҳшатафкани бо ном «Давлати исломӣ»-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ибтидо гурӯҳи террористиву экстремистиро кишварҳои абарқудрати олам нодида гирифтанд ва онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти давлати худ эътимод доштанд.
Аммо дертар аён шуд, ки ноором кардани кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ва ҳарбӣ устуворбуда ҳам барои террористон чандон мушкил набудааст.
Ҳоло ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо тавассути шабакаҳои маҷозӣ сурат мегирад ва ғояҳои онҳо дар байни сокинони кишварҳои Ироқу Сурия, ки як қисми ин давлатҳо зери назорати гурӯҳи ифротгарои бо ном “Давлати исломӣ” мебошад, тавассути ВАО тарғиб мешавад.
Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ноогоҳ бо иллати надоштани маърифати динӣ ва надонистани фарҳанги сиёсӣ узви гурӯҳи тундрави бо ном «Давлати исломӣ» гардида, бо шахсоне, ки ваҳшонияту қаттолиро пеша намудаанд, ҳамфикр шудаанд.
Ин ҷавонони гумроҳ намедонанд, ки фардои норӯшан интизорашон аст.
Тибқи омор аксари ҷавонони ба ин гурӯҳи тундгаро шомилгардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб шудаанд.
Имрӯз зарурати омӯзонидани фарҳанги истифодаи дурусти Интернет дар ҷомеа ба миён омадааст.
Барои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ метавонад замина гузорад.
Тавре ки дар оғоз гуфтем, тарбиятро бояд аз кӯдакӣ оғоз намуд.
Дар ин самт бояд дар баробари мураббиёну омӯзгорон волидайн низ даст ба кор бошанд.
Бар замми ин ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО низ зарур аст, яъне бояд ҷавонон аз зиракии сиёсии худро сайқал диҳанд ва маърифати ҳуқуқӣ огоҳ шаванд.
Тақлид ба фарҳанги бегона, мондани риши дарози бемӯйлаб ва пӯшидани сатру ҳиҷоб дар байни як идда ҷавонони муҳоҷир ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар оилаи ин тоифа хурофот ҳукмфармост ва албатта чунин муҳит ба руҳияи фарзандон низ бетаъсир намемонад.
Гоҳе мушоҳида мешавад, ки дар кишварҳои хориҷ фарзандони муҳоҷирони тоҷик бо сатр ба мактаб мераванду дар кӯчаҳо бо ҳиҷоб мегарданд.
Чунин тарзи зиндагиро интихоб кардан боис ба он мегардад, ки руҳияи хурофотпарастона ва андешаи ифротгароёна дар зеҳну равони кӯдакон маъво гирад.
Бояд раванди мубориза бурдан бар зидди хурофотро дар ҷомеа қавитар кард.
Як ҷавоне, ки маълумоти динӣ надорад ва аз дарки маърифати сиёсӣ фарсахҳо дур аст, тавассути ташвиқу тарғибот аз сомонаҳои интернетӣ садҳо нафарро ба ҷабҳаи марг кашида тавонист, аммо ходимони дин қудрати бозпас хондани ҷавонони гумроҳро надоранд.
Бояд дар масҷидҳо низ ба ин масъала аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд ва хуб мешуд, агар онҳо ба ҷойи ба мардум нақл намудани ривоятҳои беасос, дар бораи оқибати пайвастан ба ҳизбу созмонҳои терористӣ ибрози назар намоянд.
Дар ду даҳсолаи охир шумораи муҳоҷирони ҷавоне, ки бо ҷурми амалҳои террористиву экстремистӣ зиндон шудаанд, хеле нигаронкунанда аст.
Инчунин, як зумра ҷавонон танҳо ва ё бо аҳли оилаи худ ба кишварҳои Сурияву Ироқ рафтанд то дар «ҷиҳод» иштирок намоянда «савоб» гиранд.
Аксарияти гумроҳон дар ҷанг фавтиданд ва теъдоди ками онҳо баъд аз огоҳ шудан аз ҳадафҳои нопоки террористон ба Ватан баргаштанд.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам гумроҳон ба қатлу куштор ва амалҳои террористӣ даст мезананд.
Аз пушти ду-се ҷавони гумроҳшуда аксар муҳоҷирон дар гирдоби бало меафтанд.
Нигоҳи мардуми дигар дину ойин ба намояндагони миллат мекоҳад ва албатта эътимоду эҳтиром аз байн меравад.
Аз гумроҳии ҷавонони беор пайвандонашон сархаму руҳафтода ҳастанд ва кашидани бори нанг барои ҳар нафари узви ин оилаҳо хеле мушкил мебошад.
Дар зуҳур намудани воқеаҳои мудҳиши террористӣ гурӯҳҳои террористиву экстремистии ТЭТ ҲНИ, гурӯҳи ифротии 24, гурӯҳи бо ном «Паймони миллӣ» ва ғайра даст доранд, зеро бо иғво ва пахши иттилои дурӯғину туҳматгароёна ҷавонони ноогоҳро ба кӯи гумроҳӣ мебаранд.
Вақти он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба ин мавзуъ чораҳо андешад ва фаъолияти ифротгароёнаи ҳама гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистиро манъ кунад.
Солҳои охир дар шабакаҳои маҷозӣ зуд-зуд наворҳои низоъу муноқишаи ҷавонони муҳоҷир пахш мешавад, ки ин омили дареғзо ҳам ба нуфузи миллат латма мезанад.
Намояндагони дигар қавму миллатҳо бо тамошои чунин наворҳо дар мавриди сокинони кишваре, ки дар он ҷавонони пархошҷӯ таваллуд шудаанд, хулосаи нодуруст мебароранд.
Чунин омил боис мегардад, ки ҳангоми одитарин қонуншиканӣ муҳоҷирони дигар зиндон шаванд ва қонунан аз он давлат ихроҷ гарданд.
Ҳар як ҷавони содиқ ба ойину фарҳанги миллӣ бояд донад, ки зуҳуроти экстремизм, терроризм ва радикал ба Ватану миллати ӯ, ба фарҳангу боварҳои ӯ, ба зиндагии осоиштаи ҷомеа ва худи ӯ, ба пайвандону наздиконаш ва манфиати шахсияш хатари ҷиддӣ дорад.
Ҷавонони бонангу ори тоҷик, бояд аз рӯзгори тира ва оқибати зиндагии ҷавонони гумроҳ, ифротӣ ва низоъхоҳ хулоса бароранд ва ҳаёти осудаи худро бо зиндагии мушкил дар зиндонҳо иваз накунанд.
Шояд ба волидайни худ дасти ёрӣ дароз карданашон душвор бошад, аммо бикӯшанд, ки дар давраи пирии онҳо дарди сарашон нашаванд.
Зиндагӣ барои инсон дар дунё як маротиба мебошад, пас бояд зиракии сиёсиро аз даст надодаву дурандеш буд ва ҳар лаҳзаи умрро ғанимат донисту бо саодатмандӣ ҳаётро пеш бурд.
Нодирзода Иматшо,
Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон