• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Истиқлоли давлатӣ – неъмати бузурги тоҷик

Migration Service by Migration Service
27.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Истиқлоли давлатӣ – неъмати бузурги тоҷик
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлоли давлатӣ – волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва Ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод.

Воқеан, дар баробари дигар муқаддасот Истиқлолият низ яке аз арзишҳое волое мебошад, ки бо ба даст оварданаш тамоми ҳастии миллии мо аз нав эҳё гардид.

Имсол Истиқлолияти кишвари мо 33-сола гардид, ки чун ҷавони матину устувор сӯи фардои дурахшон равон асту моро ҳам бо худ бурда истодааст.

Ин неъмати бузург бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овардааст.

Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва таҳкими он фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумӯи кишвари азизамон гузорем.
Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт.

Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.

Дар таърихи ҳама миллат санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳамияти фавқулоддаву муҳим доранд. Барои мо, тоҷикон, чунин санаи бузурги дорои аҳамияти таърихӣ – 9 сентябр, ҷашни Истиқлол мебошад.

Ҷашн ин пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, шукӯҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад.

Маънои ҷашни Истиқлол чун таърих амиқ аст, зеро ҷашни Истиқлол барои тоҷикон рӯзест, ки муҳтавои садсолаҳоро дар худ ғунҷоиш додааст. Рӯзи Истиқлол ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодии халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд.

Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати Истиқлолро дарк намоем!

Халқи азизамон хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид.

Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо кард, ки такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳар чи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳолати парешонӣ қарордошта, таъмини субботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созад.

Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати хотимаи ҷанги бародаркуш дар кишвар ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватани аҷдодии худ басо бузург мебошад.

Санаи 1-уми июни соли 1993 Сарвари давлат дар баромади худ ба ҳамватанони мусофир ва сарсони мо тариқи телевизион муроҷиат намуда чунин иброз намуда буданд: « …. Мо ба Шумо кӯҳи тиллоӣ ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем.

Паҳлӯи ҳамдигар истода Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобшударо барқарор мекунем. Тоҷикистони мо ҳамаи чизро ва ҳамаи имкониятро дорад, ки ободу серу пур бошад.

Биёед, ҳамаи инро истифода мебарем, то ки ободу озод бошем. Ватан бе Шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед.

Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни ноф рехтаи шумо инҷост…Ёд доред, ки бузургон гуфтаанд: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар».

Ман ба шумо муроҷиат мекунам: Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику Тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст! Ба Ватан баргардед».

Ҳамчунин, муроҷиатномаи ӯ ба ҳамватанони хориҷ аз хоки Тоҷикистон (16-уми январи соли 1994) бо таъсирнокии худ ҳисси ватанхоҳии онҳоро бедор накарда наметавонад, ки дар он чунин омадааст: Азизон, Тоҷикистони мову шумо аз балоҳо гузашт ва ҳарчанд талафоти дардовари ҷониву молӣ дод, якпорчагии сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти худро тавонист нигоҳ дорад.

Имрӯз Тоҷикистони азиз рӯ ба ободӣ ниҳодааст ва ба ҳар фарзанди барӯмандаш, ки метавонад дар ободии кӯҳандиёр саҳм бигирад, бо чашми умед менигарад.

Дар Тоҷикистони осебдида муҳити оштӣ, бахшоиш ҳукмфармост… Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Президенти Тоҷикистон ҳамватанони хориҷи кишварро ба бозгашт ва иттиҳод даъват намуда, дар ин роҳ ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд.

Ӯ ба сифати Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон тамоми ҳаммиллатҳои берунимарзии моро ба ваҳдату ҳамкорӣ даъват намуд, заминаи мусоиди сиёсию маънавӣ ба вуҷуд меорад, то ки ҳамкориҳои судманди мо бо кишварҳои ҷаҳон ба амал оянд, натиҷа диҳанд ва ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба некӣ дарк кунад, ки тақдири Ватан дар дасти худи ӯ мебошад.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун дар бораи гурезаҳо қабул гардида, ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонида шуд ва дар солҳои 1993-1994 зиёда аз 500 ҳазор гурезаҳо ба Ватан, аз он ҷумла 8 ҳазор нафар аз Афғонистон ба ҷойи муқимии худ баргаштанд ва соҳиби манзил шуданд.

Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокиротҳои тӯлонӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Бо имзо шудани санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид.

Бояд гуфт ки, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст.

Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.

Дар ҳақиқат, имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу суббот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд.

Имрӯз ба кадом соҳае назар накунем, дар баробари дигар қишри ҷомеа ҷавонон низ бо дасту дили гарм паи кору пайкоранд ва содиқонаву софдилона фаъолият бурда истодаанд.

Аз ҷаҳду талош ва фаъолияти намунавии онҳо эҳсос мегардад, ки ин қишри ояндасози ҷомеа дар зери ливои Истиқлолияту Ваҳдат бо боварии комил ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё табдил дод.

Озодиву истиқлол барои ҳар миллат муқаддас ба ҳисоб меравад. Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 33-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва субботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерӯю дониши худро дареғ намедоранд.

Мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ Ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.

ФБигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад. Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Акбаров Хуҷаназар,
директори МД “Марказҳоли машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар минтақаи Кӯлоб

Next Post

Вохӯриҳои судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт

Next Post
Вохӯриҳои судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт

Вохӯриҳои судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.