Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон дар деҳаи Чашмасор Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, терроризму экстремизм, амалишавӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоати деҳоти Фондарё деҳаи Пишанза вохӯрӣ бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, намояндаи кумитаи ҳолатҳои Фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, аҳолӣ аз ҷумла фаъолони деҳа, омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо, намояндаи ҷамоат оид ба масъалаи болозикр гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Ғайбуллоев Б., қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза дар ҳамагуна давлатҳо таҳдиди терроризм ва экстремизм вуҷуд дорад ва пешгирӣ аз ҳамин гуна вабои аср давлатҳои ҷаҳонро водор сохтааст, ки созмонҳову ташкилотҳои гуногунро таъсис диҳанд.
Дар суханҳои худ доимо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки террорист Ватан, модар, дин, забон надорад ва мақсаду ҳадафи онҳо халалдор намудани ҷомеа ва несту нобуд намудани аҳолии осоишта, мансабдорони давлатӣ ва ғайраҳо мебошад.
Инчунин, мавриди зикр аст, ки онҳо бо роҳи фиреб, ваъдаи маблағи барзиёд ва таъмин бо ҷойи кори сердаромад ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва табақаи аҳолие, ки сатҳи дониш, тафаккур ва ҷаҳонбинии суст доранд ҷалб намуда ҳамагуна ҷиноятҳои вазнинро анҷом медиҳанд.
Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар табақаи ҷомеаи аҳолӣ бояд аз воҷаҳои терроризм, экстремизм ё террорист кист? Кадом гурӯҳҳои ифротӣ мавҷуданд маълумот дошта бошанд.
Ҳангоми муҳоҷират дар хориҷа ба ҳар гуна шахсони алоҳидаи ношинос ва шубҳанок, ки маблағи зиёдро ваъда дода, бо ҳар роҳ дили онҳоро гарм намуда ба гурӯҳҳо ҳамроҳ менамоянд, бовар накарда, аз онҳо дурӣ ҷӯянд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи шахсони ба онҳо ношинос паёмакҳои шубҳанок ворид мешаванд ҷавоб надиҳанд ва ба наворҳои видеоии хусусияти экстремистӣ дошта ба истилоҳ лайк (like) нагузоранд.
Инчунин, дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Вору деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент бо иштироки фаъолони ҷамоат ва аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чорабинии судманд ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд қайд кард, ки бурадни корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар ҳама шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд