Асри 21 ва раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳои бузург мушкилот худро дорад.
Яке аз масалаҳои мавриди нигаронии аксари кишварҳои сайёра аз ҷумла кишвари мо гардидааст, ин густариши бесобиқаи ифротгароиву терроризм, дар ду 10-солаи охир мебошад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатиро ташкил медиҳад.
Бо дарки зарурати мубориза ба ин зуҳурот, ки онро вабои аср меномем, ҳанӯз соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои пасошуравӣ якумин шуда “Стратегяи милли муқовимат бо терроризм ва экстремизмро барои солҳои 2016-2020”-ро қабул ва бо муваффақият амалӣ намуд.
Дар марҳилаи навбати бошад “Стратегяи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” қабул гардидааст.
Тафаккури ифротӣ гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ аҳамияти хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксарияти кишварҳои мусалмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.
Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ба минтақавӣ фаротар рафта хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси олиӣ дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намудаанд, ки “Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ торафт васеъ шуда фаъолшавии онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Имрӯз, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва ба хусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароиёни динӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқ ва андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд.
Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Мушкилии аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусалмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеалогияи ифротгароёни динӣ иттилоъ надоранд ва ба фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд.
Ҳоло он, ки идеалогияи аслии онҳо пеш аз ҳама бар зидди идеалогияи миллати мо, миллии мо, ватани мо, истиқлолиятӣ мо, мардуми мо ва ҳар як нафари мо равона шудааст.
Ба назари мо имрӯз ҳам яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирӣ аз воридшавии ҷаҳонбинӣ ва андеши бегонаву ифротӣ ба ҷомеаи мо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумор меравад.
Яъне агар ҳар як қишри ҷомеа аз ҳадафҳои шумӣ ифротиву террористӣ ва ғояву мафкураи онҳо огоҳии комил ҳосил намояд, раванди гароиш ба сафи чунин ҷараёнҳо низ кунд мегардад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул гардидааст, ки ҳадафи барномаи мазкур паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат, тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии зидди ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намуданӣ оқибатҳои мавқеи онро, ҷорӣ намудани навоварӣ таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриқонунӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.
Чигунае дар урфият мегуянд «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд барои татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои дар боло зикр гардида, масъулияти инфиродӣ дошта бошем, зеро ҳамаи ин таъкидҳо танҳо як ҳадаф доранд, зиндагии осудаву хушбахтона дар ватани амну ободӣ ба ном Тоҷикистон.
Агар мо масъулияти ватандории худро ки, бешак масъулияти имонӣ ҳам ҳаст, пурра эҳсос кунем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро барои ҳифзи ҳамин сулҳу осоиштагӣ сафарбар намоем, ҳеҷ хатаре ба амниятӣ мо, миллатӣ мо ва ватани азизи мо таҳдид нахоҳад дошт.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ