• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Қубодиён

Migration Service by Migration Service
22.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Қубодиён
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар деҳаҳои Роҳи нав ва Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин таҳти роҳбарии муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо раиси ҷамоат, намояндаи Хадамот дар вилоят, директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар вилояти Хатлон, сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, дар рафти вохӯрӣ аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки аз ҷониби сокинони ноҳия қонун дағалона вайрон шудааст, мисол оварда, ҳозирин даъват шуданд, ки муқаррароти қонунро иҷро ва аз ҳама манфиатҳои шахсӣ боло донанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ маълумот дода шуд.

Тибқи талаботи моддаи 15-и қонун уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак муайяну мушаххас шудаанд, яъне падару модар бояд таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд, ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд, кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд, риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин ва назорат карда, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат кунанд, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд, ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд, дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ кунанд, ба гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии динӣ аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд.

Инчунин, дар рафти мулоқот баромадкунандагон оид ба муҳоҷирати бехатар, қоидаи 90/180, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, хатарҳои савдои одамон дар раванди муҳоҷират, ҳамзамон, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз ёдрас карда шуданд.

Чунин вохӯриву мулоқотҳо низ бо сокинони ҷамоату деҳоти ноҳияи Дӯсти баршузор гардид

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Истиқлолияти давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ

Next Post

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохатр ва Кӯлоб

Next Post
Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохатр ва Кӯлоб

Вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон- муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохатр ва Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.