• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант

Migration Service by Migration Service
29.01.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон чорабинии навбатии иттилоотӣ-маърифатиро бо сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант баргузор карда шуд.

Зимни баромад муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хайридинзода Исфандиёр оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ иброзӣ андеша намуд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз дорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ин боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо мебошад.

Моро мебояд ба ин самт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Ҳамзамон ӯ чанд сухан дар бораи муҳоҷирати бехатар ва як падидаи номатлубе, ки тамоми аҳли сайёраро бе ташвиш гузошта наметавонад, дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ибрози андеша намуд.

Аз ҷумла, қайд кард, ки бинобар авҷ гирифтани гурӯҳҳои террориству экстремистӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳони муосир ва бархурди давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, давлату ҳукумати моро зарурат пайдо гардидааст, ки оиди ин масъала назоратро пурзур намояд.

Зеро таҷрибаи солҳои охир нишон дода истодааст, ки шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ баръало ба назар мерасад.

Ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.

Инчунин барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористию экстремистӣ кушиш менамоянд ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки онро ҷавонон, шахсони бекор муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидайн ва ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ бошанд.

Барои эмин нигоҳ доштан аз доми гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳар як шахс, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, дур аз ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ бошанд, нагузоранд, ки ин гуна гурӯҳҳои хафнок ба оилаи онҳо ва давлату миллат ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Хусусиятҳои муташаккил ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.

Бояд зикр кард, ки чунин вохӯриҳо бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳо, алалхусус дар Ҷамоату деҳоти вилояти Хатлон мунтазам гузаронида мешавад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Мулоқоти судманд дар Ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази шаҳри Турсунзода

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази шаҳри Турсунзода

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази шаҳри Турсунзода

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.