Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва аҳамияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ба аҳли нишаст расонида шуда буд, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо фаъолону сокинони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки зиёда аз 220 нафар шаҳрвандон вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд – Сатториён А., устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров – Исоматдинов Ҷ., мушовири раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд – Маликисломӣ Н., устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон – Саидов А. иштирок доштанд.
Дар вохӯрии мазкур баромадкунандагон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд суханронӣ намуданд.
Инчунин, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои тундрав баромад намуда қайд намуданд, ки имрӯз дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд.
Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.
Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.
Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд.
Дар яке аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд.
Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Чунин вохӯрии судманд дар Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ низ баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки Раёсат ҷиҳати баргузор намудани вохӯриву мулоқотҳо дар Ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам ба роҳ хоҳад монд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд