Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар маҳаллаҳои С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ ва Нариманов доир ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир пеш аз ҳама терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои хориҷа, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, ҷалби муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ба НБО “Роғун” вохӯрӣ доир намуда, дар якҷоягӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҲХДТ, раисони маҳаллаҳо ва дигар сохторҳо баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва мушкилоти вобаста ба будубош дар қаламрави Федератсияи Россия, қоидаи нави будубош тибқи қонуни Федеролии № 260-ФЗ аз 1 январи соли 2025 доир ба принсипи 90/365 амал мекунад.
Мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия: шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ (365 рӯз) дар қаламрави Россия қарор дошта бошанд; соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад; шумораи рӯзҳои будубош дар Россия дар давоми сол ҷамъ карда мешавад ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад.
Муҳим аст донистанд, ки бо фаро расидани соли нави тақвимӣ (аз 1 январ), ҳисобкунии рӯзҳои будубош аз нав оғоз мегардад.
Ҳар як рӯзи ҳузури Шумо дар Федератсияи Россия, новобаста аз мақсади сафар, ба ҳисоби рӯзҳои будубош дохил мешавад; рӯзҳои ворид шудан ва хориҷ шудан аз кишвар низ ҳамчун рӯзи будубош ҳисобида мешаванд; агар дар як соли тақвимӣ 90 рӯз пурра истифода шуда бошад, шаҳрванд вазифадор аст қаламрави Федератсияи Россияро тарк намояд.
Дар сурати зиёд шудани муҳлати иҷозатдодашудаи будубош: нисбат ба шаҳрванд метавонад ҷарима татбиқ гардад; қарор дар бораи хориҷкунии маъмурӣ қабул карда шавад; инчунин мумкин аст манъи воридшавӣ ба Федератсияи Россия барои муҳлати муайян муқаррар гардад.
Агар Шумо ният дошта бошед, ки дар Федератсияи Россия зиёда аз 90 рӯз бимонед, зарур аст яке аз мақомҳои қонунии зеринро сари вақт ба расмият дароред: гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ; таҳсил дар донишгоҳи аккредитатсияшуда дар назди мақомоти давлатии РФ; гирифтани иҷозатномаи муваққатии иқомат (РВП); гирифтани иҷозатномаи доимии иқомат (ВНЖ).
Дар сурати доштани яке аз ин мақомҳои ҳуқуқӣ, маҳдудияти 90 рӯз татбиқ намегардад. Пеш аз анҷоми 90 рӯзи будубош ҳолати ҳуқуқии худро санҷед; ҳуҷҷатҳои лозимиро пешакӣ ба расмият дароред; қоидаҳои муҳоҷиратиро қатъиян риоя намоед, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ эмин бошед.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

