Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан доир ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир пеш аз ҳама терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои хориҷа, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, ҷалби муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба НБО “Роғун” вохӯрӣ доир намуда, дар якҷоягӣ бо иштироки намояндагони шуъбаҳои корҳои дохилӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, занон, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва дигар сохторҳо баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунанда, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират таваҷҷуҳи иштирокдоронро оид ба арзиши андози моҳонаи патент дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия фаҳмонда шуд ва аз 1-сентябри соли 2025 дар минтақаи шаҳри Москваю вилояти Москва бо тавассути барномаи “Амина” худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд, аз 1 июли соли 2026 қоидаи пур кардани Барномаи RuID, аз хизматрасонии миёнаравонии ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд, дар бораи қоидаи 90/365, аз 7-январи соли 2024 ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави Россия бо патент фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳад дар муддати 2 моҳ аз рузи гирифтани Патент бояд Огоҳномаи меҳнатӣ (трудовое уведомление) бо замимаи Шартномаи меҳнатӣ, ба мақомоти минтақавии ВКД ФР, ки дар он ҷо патент гирифта буд пешниҳод намояд, инчунин барои муҳоҷирон имтиҳон барои тасдиқи дониши забони русӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таърихи Руссия ҳатмист. Ин барои гирифтани иҷозатномаи будубоши муваққатӣ (РВП), иҷозатномаи истиқоматӣ (ВНЖ), иҷозатномаи кор ё патент зарур аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

