Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон оид ба ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия, намояндагони шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раёсати Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Шаҳристон дар деҳаи Сароб вохӯрии судманд баргузор гардид.
Масъулон ба ҳозирин вобаста пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷират, терроризму экстромизм, амалишавӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарпзанд”, “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Мирзозода Мирсаид қайд кард, ки таълиму тарбияи дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Вазифаи асосии падару модар дар масъалаи тарбияи фарзанд бисёр муҳим, сангин, масъулиятнок ва хеле мушкил аст.
Аз ин рӯ, аз аввалин рӯзҳои таваллуди фарзандон падару модарро зарур аст, пайваста таълиму тарбияи онҳоро бо беҳтарин усулҳои барои волидону фарзандон ва ҳам барои ҷомеа судманд роҳандозӣ намоянд.
Ҳар як падару модар дар амали ба камолрасии фарзандони хеш худ бояд намунаи босазое бошанд.
Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солеҳи худро тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизашон шудаанд.
Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар қабл аз таваллуд оғоз шуда, фароҳам намудани муҳити солимеро барои сарпарастии фарзандон тақозо мекунад.
Бахши Хадамоти Муҳоҷират дар ноҳия барои боз ҳам пурзуртар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон