• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дӯстӣ омили асосии суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии устувор дар Осиёи Марказӣ 

Migration Service by Migration Service
24.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дӯстӣ омили асосии суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии устувор дар Осиёи Марказӣ 
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони муосир, муносибатҳои байни кишварҳо беш аз пеш аҳамияти стратегӣ пайдо мекунанд. Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон чун се давлати ҳамсарҳад ва дорои фарҳангу таърихи муштарак, имрӯз кӯшиш доранд, ки тавассути густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла амният, иқтисод, маориф ва фарҳанг, барои худ ва минтақа фазои мусоиди рушд ва ҳамдигарфаҳмиро фароҳам оваранд. Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ равобити дипломатии навро оғоз карданд. Ҳарчанд дар ибтидо баъзе ихтилофҳо ва норозигиҳо вуҷуд доштанд, аммо дар солҳои охир бо ташаббусҳои муштарак сатҳи ҳамкориҳо ба таври назаррас боло рафт.

Сафари расмии сарварони давлатҳо ва имзои созишномаҳои дуҷониба ва сеҷониба гувоҳи равшан аст, ки кишварҳо барои мустаҳкам намудани равобити байнидавлатӣ аҳамияти зиёд медиҳанд. Баҳсҳои сарҳадӣ яке аз масъалаҳои ҳассоси миёни кишварҳо буданд. Бо роҳандозии муколамаи фаъол ва ташкили гурӯҳҳои кории муштарак, бисёре аз масъалаҳои марбут ба сарҳад ҳал гардиданд ё раванди ҳал ёфтан доранд. Ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти марзӣ ва мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла терроризм ва қочоқ, нишон медиҳад, ки кишварҳо омодаанд манфиатҳои умумиро аз манфиатҳои ҷудогона болотар гузоранд. Бо кушодашавии сарҳадҳо ва беҳтар шудани равобити иқтисодӣ, ҳаҷми муомилоти савдо афзоиш ёфт. Ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ имкон пайдо карданд, ки дар бозорҳои ҳамсоя фаъолият кунанд. Бо дастгирии роҳбарияти кишварҳо, лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Муносибатҳои дӯстона фазои мусоид барои табодули фарҳангӣ ва илмӣ фароҳам овардаанд. Баргузории рӯзҳои фарҳанг, озмунҳои байнидонишгоҳӣ, сафарҳои илмии омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин дастрасии бештари шаҳрвандон ба фарҳанги ҳамдигар дар таҳкими робитаҳои мардумӣ нақши муҳим бозида истодааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти умумии марбут ба истифодаи захираҳои обу замин ва таъмини нерӯи барқ доранд. Ҳамкорӣ дар ин самт метавонад барои ояндаи минтақа, бахусус дар шароити тағйирёбии иқлим, аҳамияти сарнавиштсоз дошта бошад. Бо назардошти равандҳои мусбати солҳои охир, дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои нав, аз ҷумла технология, сайёҳӣ ва экология, ниҳоят умедбахш мебошад. Таъмини амният ва рушди устувори минтақа ба дӯстӣ ва эътимоди мутақобила такя мекунад.

Равобити дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон намунаи рӯшанест, ки бо муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳатто масъалаҳои мураккабро метавон ҳал намуд. Дӯстӣ, ки бар пояи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои умумӣ бунёд шудааст, омили асосии суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии устувор дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯриҳои судманд дар “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

Next Post

Пешгирии ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб менамояд

Next Post
Пешгирии ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб менамояд

Пешгирии ВНМО масъулияти ҷиддиро талаб менамояд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.