• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар Душанбе Намояндагии МФВД “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид” – и ВКД ФР ба кор шурӯъ намуд

Migration Service by Migration Service
28.05.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар Душанбе Намояндагии МФВД “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид” – и ВКД ФР ба кор шурӯъ намуд
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

28 майи соли равон Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

Дар кушодашавии Намояндагӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Александрович Колоколтсев, муовини якуми вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Владимирович Горовой, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Валентина Львовна Казакова, и.в. директори генералии МФВД “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Вазорати корҳои дохилии ФР Молодиевский О. А., ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи мулоқоту музокироти пай дар пайи роҳбариятҳои олии ҳар ду кишвар ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори он ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд, ки ин барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо барои фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи чораҳои андешидашуда минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, машваратҳои ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, хавфҳои муҳоҷират ва пешгири муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон барои ҷойгир намудани сохторҳои Намояндагии мазкур дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқҳои корӣ ҷудо ва таъмиру азнавсозӣ намуд.

Дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир намудани Намояндагӣ ба шаҳрвандон қулай буда, ҷиҳати таъмини шароити мусоиди хизматрасонӣ ва сарфаи вақт барои ашхосе, ки хоҳиши кор дар Федератсияи Россия доранд, муосидат менамояд.

Ҳамчунин, дар доираи татбиқи муқаррароти Созишномаи болозикр намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду ҷониб ҷиҳати дар муддатҳои наздик ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Федератсияи Россия, ки ҳамаи ин барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Россия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, корбарӣ намуда истодаанд.

Дар маросими ифтитоҳи намояндагии МФВД “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД ФР қайд гардид, ки Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон буда, робитаҳои дӯстии ин ду кишвар таърихи тулонӣ дошта, барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошад.

Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии иттилоотӣ – машваратӣ расонида, дорои таҷҳизоти изи ангушт ва аксбардорӣ мебошад, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад

Next Post

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Панҷакент

Next Post
Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Панҷакент

Чорабинии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.