Дар ноҳияи Кушониён бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» вохӯрии масъулини якчанд ниҳод бо сокинон баргузор гардид.
Вобаста ба мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шуд, ки тибқи талаботи моддаи 11-и ин қонун маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.
Ҳамчунин маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ, танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронида мешавад.
Хатна бо розигии падару модар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.
Гузаронидани маъракаи ақиқа қатъиян манъ аст.
Инчунин, таъкид гардид, ки тибқи моддаи 12 қонуни мазкур тӯйи домодию арӯсӣ бо на зиёда аз ду маърака ва давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ мебошанд.
Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо сарф намоянд.
Дар вохӯрӣ аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандон қонун дағалона вайрон шудааст, мисол оварда, ҳозирин даъват шуданд, ки муқаррароти қонунро иҷро ва аз ҳама манфиатҳои шахсӣ боло донанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ маълумот дода шуд.
Тибқи талаботи моддаи 15-и қонун уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак муайяну мушаххас шудаанд, яъне падару модар бояд таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд, ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд, кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд, риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таъмин ва назорат карда, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат кунанд, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд, ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд, дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ кунанд, ба гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии динӣ аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд.
Чунин вохӯрии судманд бо фаъолони ноҳияи Вахш низ баргузор гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон