Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони ҷоҳилу нодон, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.
Саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати шомилгардонӣ ба сафҳои худ асосан ба қишри ниёзманди ҷомеа – бекорон, муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ ниёздошта ва ҷавонони дорои донишу маърифати паст дом мегузоранд.
Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз мафҳумҳои зерин бохабар бошанд.
Экстремизм. Ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Терроризм. Зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва гурӯҳи одамон мебошад, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсию ҷамъиятӣ зарари калон расонида мешавад.
Инчунин, дар натиҷаи он амнияти ҷамъият халалдор карда шуда, ба он тарсу ваҳм ворид карда мешавад.
Террорист кист? Шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд.
Бо сабаби хатари калони ҷамъиятӣ доштан фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон манъ карда шудаанд.
Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо, аз қабили «Салафия», «Ҳизб – ут – Таҳрир», «Давлати Исломӣ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи – 24», «Ал-Қоида», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон» ва дигарон манъ карда шудаанд.
Бинобар ин ҷавонони азиз, ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиатон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед.
Бахусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудаи шахсони шубҳанок, ки Шумо онҳоро намешиносед, бовар накунед.
Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба шумо таъсир расонида, гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб созанд.
Пеш аз сафар дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва аз хатарҳои террористию экстремистӣ машварат гиред.
Агар шумо дар хориҷи кишвар ҷойи кори аниқ надоред ва ба шахси даъватнамуда боварӣ надоред, метавонед ба МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ муроҷиат намоед. Онҳо метавонанд дар хориҷи кишвар ба шумо ҷойи кори мувофиқ ва бехатар пешниҳод намоянд.
Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ мекунанд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (Одноклассники, Фейсбук, Вайбер, Вотсапп, ВКонтакте ва дигар). Ба паёмаку даъватҳои шахсони ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хоричи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат аз афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷуед.
Дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал намоед, балки ба Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон (диаспораҳо) дар ҳудуди ФР муроҷиат созед.
Бо кумаки онҳо шумо метавонед аз ҳолатҳои мазкур сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россияро огоҳ созед.
Мустақим Аҳмедов,
сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара